Прокуратура марги боз як сарбоз дар артишро таҳқиқ мекунад

Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати афсари қисми низомии 2604 нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар марги сарбоз Аъзам Убайдуллоев парвандаи ҷиноӣ боз намуд. Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки парванда мутобиқи моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, […]



Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати афсари қисми низомии 2604 нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар марги сарбоз Аъзам Убайдуллоев парвандаи ҷиноӣ боз намуд.

Сухангӯи Сарраёсати нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки парванда мутобиқи моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Суиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ва хизматӣ баромадан ё  бефаъолиятии ҳокимият) оғоз гардидааст.

Рӯзи 24 июл ҷасади сарбози қисми низомии 2604 нерӯҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон Аъзам Убайдуллоевро ба ҷамоати Кулқандии шаҳри Исфара меоранд. Ӯ баҳори ҳамин сол ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда будааст.

Падари сарбоз Аҳтам Убайдуллоев ба «Азия-Плюс» дар мавриди ин қазия гуфт, бори охир Аъзам шаби 23 июл ба занг зада, дархост намудааст, ки ба ӯ 400 сомонӣ фиристанд ва аз рафтори бади ҳамхизматонаш шикоят кардааст. Ба гуфтаи ӯ, ин бори нахуст набудааст, ки Аъзам фиристодани пулро талаб мекардааст, зеро ду моҳи дигар ҳам параш бо хоҳиши ӯ 600 сомонигӣ фиристодааст.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 13 июл аз маҳалли Сағирдашти ноҳияи Дарвози ВМКБ

ҷасади сарбоз Парвиз Дӯстматови 20-соларо

ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд оварданд.

Рӯзи 6 июл низ ба ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷасади Абдуваҳҳоб Қаюмов оварда шуда буд. Хешу табор ва наздикони сарбоз бар ин назаранд, ки ӯ 

аз падидаи бузургсолорӣ (дедовшина) дар артиш ва лату кӯб

 ба ҳалокат расидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.