Бақияи умумии қарзҳо дар бонкҳои Тоҷикистон қариб 25% афзуд

Ба ахири моҳи августи соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо дар низоми Бонкии Тоҷикистон беш аз 11,1 млрд. сомониро ташкил дода, ҳаҷми он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,8% афзуд. Бино ба маълумоти ахири Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ин давра раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат ҳамчунин идома ёфта, 56 фоиз (6 249,5 млн. сомонӣ) – ро […]

ASIA-Plus



Ба ахири моҳи августи соли ҷорӣ бақияи умумии қарзҳо дар низоми Бонкии Тоҷикистон беш аз 11,1 млрд. сомониро ташкил дода, ҳаҷми он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 24,8% афзуд.

Бино ба маълумоти ахири Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), дар ин давра раванди афзоиши қарзҳои дарозмуҳлат ҳамчунин идома ёфта, 56 фоиз (6 249,5 млн. сомонӣ) – ро қарзҳои дарозмуҳлат ва 44 фоиз (4 914,9 млн. сомонӣ) –ро қарзҳои кутоҳмуддат ташкил додаанд.

Гуфта мешавад, фоизҳои миёнавазни қарзҳо дар муддат бо пули миллӣ ба 23,86 фоиз ва бо асъори хориҷӣ ба 21,66 фоизи солона баробар шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда дар моҳҳои январ-августи соли равон беш аз 3,7 млрд. сомониро ташкил дода, аз ин маблағ 666,1 млн. сомонӣ ба ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон қарзҳои хурд дода шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.