ҲКТ муроҷиати ҳукумат оид ба бойгонии ҳизбро инкор мекунад

Ба унвони раҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар робита ба ихтиёри Сарраёсати бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон супурдани бойгонии ҳизб муроҷиати расмӣ нарасидааст. «Аз мақомоти дахлдори давлатӣ дар мавриди супурдани бойгонии ҳизб ба мо ҳеҷ мактубе ворид нашудааст», – гуфт ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲКТ Исмоил Талбаков. Ӯ қайд кард, ки дар сурати расидани чунин муроҷиат, […]

Пайрав Чоршанбиев



Ба унвони раҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) дар робита ба ихтиёри Сарраёсати бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон супурдани бойгонии ҳизб муроҷиати расмӣ нарасидааст.

«Аз мақомоти дахлдори давлатӣ дар мавриди супурдани бойгонии ҳизб ба мо ҳеҷ мактубе ворид нашудааст», – гуфт ба «Азия-Плюс» муовини раиси ҲКТ Исмоил Талбаков.

Ӯ қайд кард, ки дар сурати расидани чунин муроҷиат, ин масъала мувофиқи тартиботи муқарраршуда дар Оинномаи ҳизб баррасӣ мешавад. «Дар Оиннома гуфта мешавад, тамоми масъалҳаои марбут ба боигарии ҳизб бояд дар анҷуман баррасӣ шаванд. Ҳамин тариқ, агар чунин муроҷиат ворид шавад, он ба рӯзномаи анҷумни навбатии ҳизб гузошта шуда, аз рӯи он тасмим гирифта мешавад», – шарҳ дод Талбаков.

И.Талбаков зикр кард, ки Ҳизби коммунист ба ҳарчи бештар хуб нигоҳ дошта шудани бойгонии ҳизб барои наслҳои оянда манфиатдор аст. «Ин боигарии пурқимат буда, натанҳо таърихи Ҳизби коммунист, балки таърихи 70-солаи Тоҷикистонро дар бар мегирад», – қайд кард муовини раиси ҲКТ.

Номбурда таъкид дошт, ки агар бойгонии ҳизб барои нигаҳдорӣ ба ихтиёри Сарраёсати бойгонии назди ҳукумат супурда шавад ҳам, он моликияти Ҳизби коммунист боқӣ мемонад. «Ин ҷо ягон паҳлӯҳои сиёсӣ вуҷуд дошта наметавонад, ин як масъалаи сирф хоҷагидорӣ аст. Ҳизби мо бо ҳукумат ягон мухолифате надорад. Дар Барномаи ҳизби мо саҳеҳ зикр гардидааст, ки мо бо ҳукумат дар робитаи зич фаъолият мекунем», – афзуд ӯ.

Қобили зикр аст, ки чанде аз расонаҳои хабарӣ имрӯз дар бораи муроҷиати Сарраёсати бойгонии назди ҳукумати Тоҷикистон бобати супурдани бойгонии Ҳизби коммунист ба ин ниҳоди давлатӣ

иттилоъ доданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.