ВКД: Дар сафҳои гурӯҳи генерал Назарзода собиқ маҳбусони Гуантанамо меҷангиданд

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар сафҳои гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи генерали ошӯбгар, собиқ муовини вазири мудофаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода ду нафар собиқ маҳбусони зиндони амрикоии Гуантанамо меҷангиданд. Бино ба маълумоти ВКД, ба сафҳои гурӯҳи генерал Назарзода зодаи 53-солаи ноҳияи Панҷ Меҳрубон Одинаев ва сокини 37-солаи ноҳияи Вахш Шафӣ Солеҳов шомил буда, онҳо дар […]

Аваз Юлдошев



Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар сафҳои гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи генерали ошӯбгар, собиқ муовини вазири мудофаи ҷумҳурӣ Абдуҳалим Назарзода ду нафар собиқ маҳбусони зиндони амрикоии Гуантанамо меҷангиданд.

Бино ба маълумоти ВКД, ба сафҳои гурӯҳи генерал Назарзода зодаи 53-солаи ноҳияи Панҷ Меҳрубон Одинаев ва сокини 37-солаи ноҳияи Вахш Шафӣ Солеҳов шомил буда, онҳо дар ҷараёни амалиёти махсуси сохторҳои қудратии Тоҷикистон боздошт шудаанд. Онҳо иқрор шудаанд, ки чанд рӯз пештар аз ошӯби мусаллаҳона ба гурӯҳи генерал пайвастаанд.

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ҳарду боздоштшудагон ба ҳайати нерӯҳои мусаллаҳи Иттиҳоди мухолифини тоҷик шомил буданд. Пас аз истиқрори сулҳу созиш дар кишвар, аллакай соли 2001 онҳо алайҳи нерӯҳои НАТОдар Афғонистон меҷангиданд ва аз ҷониби амрикоиҳо ба асирӣ гирифта шуда, то соли 2010 дар зиндони Гуантанамо адои ҷазо кардаанд. Соли 2010 онҳо ба ихтиёри Тоҷикистон супурда шуда, баъди ду моҳи дар ҳабс қарор доштан, ба озодӣ баромаданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.