Боздошти мансабдори воломақоми низомӣ ба гумони даст доштан дар ошӯб

Кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон яке аз ҳаммаслакони наздики собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода полковники Раёсати Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи кишвар Назар Сафаровро боздошт намуданд. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, тибқи маълумоти мавҷуда, полковник Сафаров ба доираи дӯстони наздики генерали ошӯбгар шомил буда, […]

Аваз Юлдошев



Кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон яке аз ҳаммаслакони наздики собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, генерали ошӯбгар Абдуҳалим Назарзода полковники Раёсати Қушӯнҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи кишвар Назар Сафаровро боздошт намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ дар ин робита хабар дод, тибқи маълумоти мавҷуда, полковник Сафаров ба доираи дӯстони наздики генерали ошӯбгар шомил буда, дар баробари Назарзода ва наздикони нобудшудаи ӯ эшони Ҷунайдулло ва мулло Умар аз ошӯб огаҳӣ дошт ва дар омодакунии он фаъолона саҳм гузоштааст.

Зимнан зикр гардид, ки баъди фурӯ нишонидани ошӯби мусаллаҳона полковник Сафаров то замони ҳабс дар Душанбе пинҳон шуда, рӯзи якшанбеи ҳафтаи сипаришудаа боздошт шудааст.

Ёдрас мекунем, ки зимни амалиёти нерӯҳои қудратии ҷумҳурӣ алайҳи гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳи генерали ошӯбгар Назарзода аз 4 то 16 сентябри соли равон 25 тан аз аъзои гурӯҳи ҷиноятпеша куштаву 125 нафар террористон боздошт шуданд. Мутаассифона, дар ҷараёни амалиёт 14 нафар кормандони сохторҳои қудратӣ низ ҷон бохтанд.

Қобили зикр аст, ки якчанд нафар аъзои гурӯҳи террористии мазкур ба гуноҳашон иқрор шуда, ихтиёран ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таслим шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.