Озмуни шаҳрдории пойтахт оид ба беҳтарин сурудаҳо дар васфи Парчами давлатӣ

Аввали ҳафтаи равон таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, масъулини соҳа ва раисони ноҳияҳои  пойтахт ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдории Душанбе доир гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа ҷараёни амалисозии Нақшаи генералиии шаҳр, истифодаи иншооти зербинои шаҳр аз рӯи таъинот, қабл аз ҳама роҳҳои транзитии […]

ASIA-Plus



Аввали ҳафтаи равон таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев бо иштироки роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ, масъулини соҳа ва раисони ноҳияҳои  пойтахт

ҷаласаи кории

мақомоти шаҳрдории Душанбе доир гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷаласа ҷараёни амалисозии Нақшаи генералиии шаҳр, истифодаи иншооти зербинои шаҳр аз рӯи таъинот, қабл аз ҳама роҳҳои транзитии шаҳр баррасӣ шуданд.

Гуфта мешавад, раиси шаҳр таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба масъалаҳои таъмири хушсифати роҳҳо, ва дар ҳолати хубу корӣ нигоҳ доштани наҳру селпартоҳои марзгузари шаҳр дар остонаи оғози мавсими боришот ҷалб намуд.

Дар ҷаласа ҳамчунин масоили омодагии техникаи коммуналии шаҳр ба зимистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва санҷиши ҳолати зиддисӯхтории бинову иншоотҳо низ баррасӣ шуданд.

Бахшида ба таҷлили бошукуҳи Рӯзи Парчами давлатии ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки истиқболи ин санаи муҳими рамзи давлатдории миллӣ дар Наврӯзгоҳи пойтахт тарҳрезӣ ва ба ин муносибат барои дарёфти беҳтарин сурудаҳо дар васфу таҷассуми Парчами давлатӣ миёни сарояндагон озмун эълон карда шавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.