Блаттер истеъфо аз мансаби президенти ФИФА-ро рад кард

– Сарфи назар аз кашмакашҳои ахири коррупсионии марбут ба Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА), президенти ин ташкилот Йозеф Блаттер истеъфо аз мансабашро рад кард, – хабар медиҳад Reuters бо истинод ба гуфтаи Ричард Каллен, яке аз адвокатҳои Блаттер. «Блаттер ба ҳамкорони худ изҳор доштааст, ки бо ҳукумат дар ин масъала ҳамкорӣ дошта, ҳеҷ амали ғайриқонунӣ содир […]

ASIA-Plus



– Сарфи назар аз кашмакашҳои ахири коррупсионии марбут ба Федератсияи байнулмилалии футбол (ФИФА), президенти ин ташкилот Йозеф Блаттер истеъфо аз мансабашро рад кард, – хабар медиҳад


Reuters


бо истинод ба гуфтаи Ричард Каллен, яке аз адвокатҳои Блаттер.

«Блаттер ба ҳамкорони худ изҳор доштааст, ки бо ҳукумат дар ин масъала ҳамкорӣ дошта, ҳеҷ амали ғайриқонунӣ содир накардааст ва аз мансаби президенти ФИФА истеъфо доданӣ нест», – қайд мешавад дар изҳороти дар

Lenta.ru

 интишоршудаи адвокат.

Дар робита ба интиқоли маблағи пулӣ ба президенти Иттифоқи ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (УЭФА) Мишел Платини, адвокат Каллен зикр кардааст, ки Платини аз соли 1998 ба сифати мушвири президент ҳамкорӣ мекард ва ин маблағ пардохти қонунӣ барои кораш аст.

Санаи 26 сентябр хабар дода шуд, ки Кумитаи ахлоқи ФИФА нисбати Блаттер ва Платини тафтишотро оғоз намудааст. Ҳамчунин гуфта мешуд, Платини шояд муваққатан аз иҷрои вазифаҳояш ба муддати якчанд рӯз барканор гардад, ки метавонад ӯро аз рӯйхати доваталабон ба мансаби президенти ФИФА хориҷ созад.


ВЕДОМОСТИ

дар ин робита менависад, прокуратураи Швейтсария рӯзи ҷумъаи ҳафтаи сипаришуда дар бораи оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати Блаттер тибқи ду модда – хунукназарии ҷиноӣ ва дуздӣ хабар дод.

Дар иттилоияи прокуратура гуфта мешавад, Блаттер ба пардохти маблағи ғайриқонунӣ ба Мишел Платини дар моҳи феврали соли 2011 дар ҳаҷми 2 млн. франки швейтсарӣ аз ҳисоби воситаҳои ФИФА гӯё барои иҷрои корҳо дар давраи моҳи январи соли 1999 – моҳи июни соли 2002 гумонбар дониста мешавад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.