Ҷашни Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ дар Душанбе

Аз 16 то 20 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.   Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ воқеъ дар Маркази Исмоилия шурӯъ мешавад, ки он 16 ноябр аз соати 14:00 то 17:00 баргузор мегардад. Ба иттилои манбаъ, дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили Шўрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), […]

ASIA-Plus


Аз 16 то 20 ноябри соли ҷорӣ дар Тоҷикистон Ҳафтаи таҳсили байнулмилалӣ ҷашн гирифта мешавад.

 

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ воқеъ дар Маркази Исмоилия шурӯъ мешавад, ки он 16 ноябр аз соати 14:00 то 17:00 баргузор мегардад.

Ба иттилои манбаъ, дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили Шўрои амрикоӣ (ACCELS), Маркази машваратии таҳсилотӣ (EducationUSA), Институти Ҷамъияти Кушода (OSI), Маркази фарҳангии Бактрия, Барномаи Эрасмус+ , Хадамоти мубодилаи академии Олмон (DAAD), Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (UCA), Донишгоҳи Оғохон дар Британияи Кабир, MBO Professional ва Маркази Таълимии “Мултикид”иштирок хоҳанд кард.

Ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон оиди барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳанд дод.

Ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ як имконият барои таҷлил намудани самараи таҳсил ва табодули байналмилалӣ дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон мебошад. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА як ҷузъест аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар тарғиби барномаҳое, ки аз як тараф,  барои омода сохтани халқи Амрико ба зиндагӣ дар муҳити ҷаҳонӣ равона гашта, аз тарафи дигар, пешвоёни кишварҳои дигарро ба омӯхтан ва истифода бурдани таҷрибаи пешқадами Иёлоти Муттаҳида ҷалб менамояд.

Гуфта мешавад, барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозанд. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.