Яке аз мактабҳои Айнӣ номи корманди милисаи ҳалокшударо гирифт

Дар мактаби таҳсилоти умумии №57-и ноҳияи Айнӣ маросими номгузории ин муассисаи таълимӣ ба номи корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД майори милитсия Алибой Идиев баргузор гардид. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин ҷамъомад муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Умарзода Икром, раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода, намояндагони шӯъбаи маориф ва пайвандони шодравон Алибой […]

ASIA-Plus



Дар мактаби таҳсилоти умумии №57-и ноҳияи Айнӣ маросими номгузории ин муассисаи таълимӣ ба номи корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД майори милитсия Алибой Идиев баргузор гардид.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар ин ҷамъомад муовини Вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Умарзода Икром, раиси ноҳия Неъматулло Раҳматуллозода, намояндагони шӯъбаи маориф ва пайвандони шодравон Алибой Идиев иштирок карданд.

Муовини Вазири корҳои дохилӣ Умарзода Икром аз саҳми кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар таҳкими суботу оромӣ ва мубориза бо ҷинояткорӣ ибрози назар карда, аз корнамоии корманди Дастаи таъиноти махсуси милитсияи ВКД, майори милитсия Алибой Идиев, ки дар ҳодисаҳои моҳи сентябр, ҳангоми иштирок дар муқовимати мусаллаҳона алайҳи гуруҳҳои муташаккили ҷинояткор ҳалок гардида буд, ёдовар шуд.

Мавсуф ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияи Айнӣ, барои қабули пешниҳоди роҳбарияти Вазорат, ҷиҳати ба номи Алибой Идиев номгузорӣ кардани мактаби мазкур изҳори миннатдорӣ намуд.

Раиси ноҳия  Неъматулло Раҳматуллозода иброз дошт, ки мо ҳамеша фарзандони диёрро дар симои Алибой Идиев, ки барои Ватан ва давлату миллат хизмат намудаанд, фаромӯш намесозем.

Дар чорабинӣ омӯзгорону ҳамсинфон ва дӯстону наздикони Алибой Идиев суханронӣ намуда, хотираҳои худро аз рӯзгори ӯ, ки замоне дар ин муассисаи таълимӣ таҳсил карда буд, ёдовар шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.