Муаррифии албоми аксҳои Эмомалӣ Раҳмон дар Пекин

Дар Кохи сулҳи Ҷамъияти мардумии дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии Чин маросими рӯнамои албоми аксҳо таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон. Рисолати созандагӣ» доир гардид. Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Пекин, зимни ифтитоҳи ин маросим сардабири нашрия барои кишварҳои хориҷии газетаи «Женмин Жибао» Ван Шучэн таъкид доштааст, ки дар симои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «қаҳрамони миллии […]

ASIA-Plus



Дар Кохи сулҳи Ҷамъияти мардумии дӯстӣ бо кишварҳои хориҷии Чин

маросими рӯнамои

албоми аксҳо таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон. Рисолати созандагӣ» доир гардид.

Бино ба иттилои намояндагии дипломатии Душанбе дар Пекин, зимни ифтитоҳи ин маросим сардабири нашрия барои кишварҳои хориҷии газетаи «Женмин Жибао» Ван Шучэн таъкид доштааст, ки дар симои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «қаҳрамони миллии Тоҷикистонро мебинад, ки дар замони тақдирсоз барои кишвар ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, оштии миллиро амалӣ намуд».

Ӯ саҳми президенти Точикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳандозӣ ва таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Чин таъкид дошта, зикр кардааст, ки муносибатҳои бовариноку шахсии дӯстона миёни Эмомалӣ Раҳмон ва сарвари давлати Чин Си Ҷинпин ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи кишварҳо дар тамоми соҳаҳо мусоидат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, кор рӯйи таҳияи албоми мазкур муддати 8 моҳ идома ёфта, аз 7 ҳазор акс муаллифон 500 адад аксҳои нодири марбут ба марҳилаҳои гуногуни ҳаёт ва фаъолияти сарвари давлати Тоҷикистонро интихоб ва дар албоми мазкур ҷой додаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар ин маросими пуршукӯҳ муовини вазири корҳои хориҷии ҶТ Парвиз Давлатзода, роҳбарони департаментҳои Вазорати корҳои хориҷӣ ва фарҳанги Чин Лю Бин ва Се Ҷинин, кормандони вазорат ва идораҳои бахши илму фарҳанг, макотиби олӣ ва китобхонаҳо, намояндагони доираҳои корӣ ва коршиносони Чин ва як қатор намояндагиҳои дипломатии муқими Пекин ҳузур доштанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ Соли 1931 – Корхонаи шароббарории Душанбе, ки нахустин завод дар қисмати марказии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт, ба истифода дода шуд. Соли 1957 – Аввалин...

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.