Боздошти дуздони наврас дар Конибодом

Аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ду ҷинояти дуздӣ ошкор карда шуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 28 ба 29-уми декабри соли 2015 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи соҳибкор, марди 23-солаи сокини шаҳри Конибодом шуда, аз он ҷо якчанд намуд телефонҳои мобилии гуногунтамға, ҷамъ ба маблағи 10645 сомониро дуздида, […]



Аз ҷониби кормандони Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ду ҷинояти дуздӣ ошкор карда шуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, шаби 28 ба 29-уми декабри соли 2015 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди мағозаи соҳибкор, марди 23-солаи сокини шаҳри Конибодом шуда, аз он ҷо якчанд намуд телефонҳои мобилии гуногунтамға, ҷамъ ба маблағи 10645 сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.

Гуфта мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 11.01.с.2016, бо гумони содир намудани ҷинояти дуздии мазкур ду нафар навраси 16-солаи сокинони Конибодом, хонандагони мактаби таҳсилоти умумӣ дастгир гардиданд.

Ҳамчунин, дар ин рӯз кормандони милитсия тавонистанд як ҷинояти дуздии дигарро ошкор намоянд. Шаби 23 ба 24-уми ноябри соли 2015, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди ҶДММ “Софтлаб”, воқеъ дар шаҳри Душанбе шуда, аз дохили сандуқи оҳанин (сейф)-и коргоҳ маблағи пулӣ; 1850-доллари амрикоӣ, 6000-сомонӣ ва ҷавоҳиротҳои тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 247000-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар гумонбарӣ ба ҷинояти дуздӣ ду ҷавони 23-солаи сокинони ш. Душанбе дастгир карда шуданд.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати ҳодисаҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.