Вазорати фарҳанг: Бо кӯшиши аҳолӣ масҷидҳо иншооти фарҳангӣ мешаванд

Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни нишасти хабарии рӯзи 25 январ изҳор намуд, ки барои пешгирии афзоиши зуҳуроти тундгароӣ дар ҷомеа баланд бароштани сатҳи фарҳангу маърифатнокии аҳолӣ зарур аст. «Агар шумо огаҳ бошед, шумори масҷидҳо дар Тоҷикистон аз мактабҳо хеле зиёдтар аст. Хушбахтона, ахиран бо кӯшишҳои аҳолӣ ва ҳукумати кишвар иншооте, ки қаблан ба сифати […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+



Вазири фарҳанги Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода зимни нишасти хабарии рӯзи 25 январ изҳор намуд, ки барои пешгирии афзоиши зуҳуроти тундгароӣ дар ҷомеа баланд бароштани сатҳи фарҳангу маърифатнокии аҳолӣ зарур аст.


«Агар шумо огаҳ бошед, шумори масҷидҳо дар Тоҷикистон аз мактабҳо хеле зиёдтар аст. Хушбахтона, ахиран бо кӯшишҳои аҳолӣ ва ҳукумати кишвар иншооте, ки қаблан ба сифати масҷид амал мекарданд, боз ба хизмати фарҳанг баргардонида шуданд», – қайд кард вазир.

Дар ин робита ӯ мисол овард, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ 8 масҷид акнун ба сифати иншооти фарҳангӣ истифода мешаванд.

«Барои бо падидаҳои баде чун терроризму ифротгароӣ дучор нагардидани кишвари мо, мо бояд рӯйи баланд бардоштани сатҳи фарҳангу маърифатнокии аҳолиамон кор кунем. Масалан, агар ба ноҳияи Мастчоҳ равед, он ҷо барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ҷойе нест. Аз ин рӯ ба туфайли талошҳои Пешвои миллат дар ҳар як ноҳия Қасри фарҳанг сохта шуд. Ба гунаи мисол боз метавон гуфт, ки дар як кӯчаи ноҳияи Ҳисор ҳам китобхонаву осорхона ва ҳам қасри фарҳанг мавҷуд аст, ки дар ҷаҳон бесобиқа аст», – қайд кард вазир.

Ӯ зикр кард, ки барои шиносоӣ ва огаҳии аҳолӣ аз исломи ҳақиқӣ, кормандони соҳаи фарҳанг вз тамоми воситаву имконот, аз ҷумла асарҳо рӯйи саҳнаи театр низ  ҳамаҷониба истифода мекунанд.

Ба қавли вазир, дар Тоҷикистон асосан мазҳаби ҳанафӣ ва исмоилияи ислом роиҷ аст. «Тоҷикистон давлати дунявӣ буда, дар он озодии мазҳабии ҳамаи равияҳои динӣ таъмин мешаванд. Масалан, чанде қабл ба мо аз пайравони йога, равияи ҳиндӣ дархост расид. Вазорати корҳои хориҷӣ барои бақайдгирии онҳо иҷоза дод», – афзуд вазир.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.