Машқҳои бузургмиқёси зиддитеррористӣ дар Душанбе

Зимни вохӯрии имрӯза бо журналистон вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки вазъи зуд-зуд тағйирёбанда дар ҷаҳон ва минтақа, зуҳуроти терроризму ифротгароӣ дар як қатор кишварҳо қариб ҳамаи давлатҳои сайёраро ба андешидани тадбиру амалҳои мувофиқ барои таъмину сулҳу субот дар қаламрави худ маҷбур месозанд. Ӯ таъкид дошт, ки дар ин масъала кишвари мо […]

Аваз Юлдошев



Зимни вохӯрии имрӯза бо журналистон вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода изҳор дошт, ки вазъи зуд-зуд тағйирёбанда дар ҷаҳон ва минтақа, зуҳуроти терроризму ифротгароӣ дар як қатор кишварҳо қариб ҳамаи давлатҳои сайёраро ба андешидани тадбиру амалҳои мувофиқ барои таъмину сулҳу субот дар қаламрави худ маҷбур месозанд.

Ӯ таъкид дошт, ки дар ин масъала кишвари мо низ истисно нест ва бо ин мақсад рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда дар шаҳри Душанбе ва навоҳии гирду атрофи он бо иштироки воҳидҳои махсуси сохторҳои қудратӣ машқҳои бузургмиқёси зиддитеррористӣ гузаронида шуданд.

«Чунин тамринҳои ногаҳонӣ ва берун аз нақша, ки дар тамоми маҳаллаҳои бузурги аҳолинишини Тоҷикистон гузаронида мешаванд, набояд боиси ташвишу хавотирӣ ва ошуфтагии аҳолӣ гарданд», – иброз дошт Р.Раҳимзода.

Дар ҳамин ҳол, вазир овозаҳо дар ҷомеаро, ки гӯё рӯзҳои истироҳат сохторҳои қудратӣ исён дар яке аз зиндонҳои пойтахтро саркӯб кардаанд ё як гурӯҳи террористони аз Афғонистон ба Тоҷикистон омада ва ё қотилони як гурӯҳи кормандони милисаро меҷӯянд, рад кард.

Роҳбари мақомоти корҳои дохилӣ ба амалҳои кормандони сохторҳои қудратӣ зимни машқҳо, ки рӯзҳои истироҳат дар қаламрави Душанбе ва навоҳии гирду атрофи он доир гардиданд, баҳои баланд дода, зикр кард, ки «аз ин мардум набояд нигаронӣ дошта бошанд, зеро ҳамаи ин тамринҳои мо барои ҳифзи оромии онҳо ва сулҳу субот равона шудааст».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боздошти як хушдоман бо гумони ба марг расонидани келинаш

ВКД мегӯяд, келини ҷавон ба ҷабру зулми хушдоманаш тоб наоварда, худро ба дарёи “Зарафшон” партофта, ҷон бохтааст.

Парвоз миёни Машҳад ва Душанбе бекор шудааст

Қарор буд пас аз ҷанг дар Ҷумҳурии Исломӣ, 24-уми апрел парвоз байни Эрону Тоҷикистон барқарор шавад,

Дар радабандии ҷаҳонии интернети ноқилӣ Тоҷикистон чаҳор зина боло рафт

Ин нишондиҳандаи беҳтарини кишвар тайи панҷ соли ахир аст.

“Монеи издивоҷ бо дӯстдухтарам шуданд”. Нигаронии Омбудсмен аз табъиз дар ҷомеа

Ҳамчунин, ин ниҳод аз табъиз дар зиндону маҳал ҳам гузориш додааст.

Се бонки Тоҷикистон аз рӯйхати таҳримҳои Иттиҳоди Аврупо хориҷ шуд

Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки “Спитамен Бонк”, “Душанбе Сити Бонк” ва “Коммерсбонки Тоҷикистон” чӣ гуна аз рӯйхати таҳрим берун шуданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 74

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Содироти барқ аз Тоҷикистон тариқи лоиҳаи “CASA-1000” тобистони соли оянда оғоз мешавад

Корҳои сохтмонии ин тарҳ дар Афғонистон то баҳори соли оянда ба анҷом мерасад.