Ноумедии сардори Хадамоти гумрук аз соли 2016

Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2015 дар ҳаҷми 4,1 млрд. сомонӣ каме бештар аз 3,6 млрд. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намуд, ки 11,8% камтар ё худ 88,2% аз ҳаҷми пешбинишудаи нақшаро ташкил медиҳад. Аз нақша камтар ҷамъоварӣ шудани маблағи пардохтҳои гумрукиро сардори Хадамоти гумрук Абдфаттоҳ Ғоиб дар навбати […]



Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон аз нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2015 дар ҳаҷми 4,1 млрд. сомонӣ каме бештар аз 3,6 млрд. сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ намуд, ки 11,8% камтар ё худ 88,2% аз ҳаҷми пешбинишудаи нақшаро ташкил медиҳад.

Аз нақша камтар ҷамъоварӣ шудани маблағи пардохтҳои гумрукиро сардори Хадамоти гумрук Абдфаттоҳ Ғоиб дар навбати аввал ба коҳиши ҳаҷми воридот марбут медонад. Ӯ таъкид дошт, ки дар муқоиса бо соли 2014 шумори поездҳои боркаш ва автомашинаҳои воридшуда ба ҷумҳурӣ қариб ба миқдори 23 ҳазор адад камтар шудааст.

Тағйирёбии арзиши мол дар бозорҳои ҷаҳонӣ зери таъсири буҳрони ҷаҳонии иқтисодиву молӣ ва ноустувории қурби арзи миллӣ ва ғайраро низ сардори Хадамот аз сабабҳои дигари ин ҳолат медонад.

Дар робита ба идомаи буҳрон, А.Ғойиб «дар соли 2016 ҳеҷ беҳбудиеро интизорӣ надорад». «Ҳамаамон ба таъсири буҳрони ҷаҳонӣ шоҳидем. Оянда боз ҳам бадтар шуда метавонад», – афзуд номбурда.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.