Аксияи Amnesty International ба хотири дастгирии адвокат Бузургмеҳр Ёров

Созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International ё худ Авфи байналмилал ба хотири дастгирии Бузургмеҳр Ёров, адвокати ҳабсшудаи аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон як маъракаеро роҳандозӣ карданист. Дар маълумоти дар ин робита интишоршуда дар сомонаи Amnesty International дар ин робита қайд мегардад, ки Бузургмеҳр Ёров дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, «ӯро мурофиаи ғайримунсифонаи судӣ интизор […]

ASIA-Plus



Созмони ҳомии ҳуқуқи Amnesty International ё худ Авфи байналмилал ба хотири дастгирии Бузургмеҳр Ёров, адвокати ҳабсшудаи аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнӯъи наҳзати исломии Тоҷикистон як маъракаеро роҳандозӣ карданист.

Дар

маълумоти

дар ин робита интишоршуда дар сомонаи Amnesty International дар ин робита қайд мегардад, ки Бузургмеҳр Ёров дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, «ӯро мурофиаи ғайримунсифонаи судӣ интизор аст».

Ба иштирокчиёни аксия интишори муроҷиати аз номи Amnesty International таҳияшуда ва ирсоли он ба сафорати Тоҷикистон дар Русия пешниҳод мегардад.

Дар муроҷиат зикр мегардад, ки Бузургмеҳр Ёровро ба иттиҳоми қаллобӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳо боздошт намуда, ин айбномаҳо ба ҲНИТ ё фаъолияти он рабт надоштанд, вале ҳангоми ҳабс кормандони милитсия ҳуҷҷатҳои марбут ба парвандаҳои ҲНИТ-ро мусодира карданд, ки ӯ бо онҳо кор мекард.

«Парвандаи ҷиноӣ нисбати Бузургмеҳр Ёров яқинан барои аз кумаки ҳуқуқӣ маҳрум кардани аъзои боздоштшудаи ҲНИТ ва тарс додани дигар адвокатҳо аз машғул шудан бо ин кор боз шудааст. Моҳи декабр муфааттиш ба Бузургмеҳр Ёров айбномаи нави «ифротгароӣ» пешниҳод кард», – қайд мешавад дар маълумот.

Amnesty International қайд мекунад, ки парвандаи ҷиноӣ нисбати Бузургмеҳр Ёров ангезаи сиёсӣ дошта, мурофиаи судӣ нисбати ӯ ғайриодилона сурат мегирад ва мусодираи ҳуҷчатҳои марбут ба кори адвокат оид ба парвандаҳои аъзои ҲНИТ, дахолати ғайриқонунӣ ба муносибати мизоҷ ва адвокат арзёбӣ мешавад, ки мухолифи принсипи 22 Принсиитпҳои асосии СММ вобаста ба мақоми ҳуқуқшиносон аст.

Ба ҳамин хотир, дар муроҷиатнома аз ҳукуматдорон даъват мешавад, ки баррасии парвандаи Б.Ёров комилан мутобиқи меъёрҳои байнулмилалии адолати судӣ бо шумули фавран иҷозат додан ба вохӯрии ӯ бо адвокати интихобкардааш сурат гирад.

Ҳамчунин аз ҳукуматдорон даъват мешавад, ки ба ҳамаи адвокатҳо дар Тоҷикистон шароити иҷрои уҳдадориҳои касбиашонро бидуни ҳарос аз тарс додан, монеъагузорӣ ва таъқиб таъмин намоянд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 76

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 апрели соли 2026

Аз қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикистон то зодрӯзи Қиёмиддин Чақалзодаву Дилшод Раҳимӣ ва Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи меҳнат