Norsk Hydro: Бо ТАЛКО тиҷорати «шаффоф» доштем

Ширкати давлатии алюминии Norsk Hydro-и Норвегия изҳор медорад, ки бо Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) муомилоти тиҷоратии мухолифи қонунгузории кишварашро роҳандозӣ накардааст. Дар изҳороти дар ин робита нашршуда дар сомонаи расмии Norsk Hydro гуфта мешавад, ширкат бо дархости Вазорати савдо, саноат ва хоҷагии моҳипарварӣ (NFD-и Норвегия нисбат ба робитаҳои тиҷоратиаш дар Тоҷикистон маълумоти иловагӣ пешниҳод намуда, […]

ASIA-Plus



Ширкати давлатии алюминии Norsk Hydro-и Норвегия изҳор медорад, ки бо Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) муомилоти тиҷоратии мухолифи қонунгузории кишварашро роҳандозӣ накардааст.

Дар

изҳороти

дар ин робита нашршуда дар сомонаи расмии Norsk Hydro гуфта мешавад, ширкат бо дархости Вазорати савдо, саноат ва хоҷагии моҳипарварӣ (NFD-и Норвегия нисбат ба робитаҳои тиҷоратиаш дар Тоҷикистон маълумоти иловагӣ пешниҳод намуда, дар он таъкид мешавад, ки Hydro ба ҳеҷ як «қонуншиканӣ, риояи накардани қоидаҳои дохилӣ ё принсипҳои асосӣ» дар муносибатҳои тиҷоратӣ бо Тоҷикистон роҳ надодааст ва ширкат ба фасод умуман таҳаммулпазир нест.

«Дар Тоҷикистон Hydro тибқи нархҳои бозор маҳсулот хариду фурӯш мекард ва ба ин кор агентҳо ё миёнаравонро ҷалб накардааст. Ширкат бо президенти Тоҷикистон гуфтушунид накардааст, ҳарчанд мо чун бо намояндагони ҳукумати бисёре аз кишварҳои дигар, ки дар онҳо машғули корем, якчанд вохӯриҳо гузаронидем», – омадааст дар изҳорот.

Таъкид мешавад, ки ширкат дар бораи шароитҳои кор дар Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Хазинаи байнулмилалии асъор муколамаи озод доштааст.

«Дар робита ба мушкилот дар Тоҷикистон ва муносибатҳо бо ТАЛКО мо бо созмонҳои байнулмилалӣ муколамаи фаъолу кушод ва доманадор барпо кардем, зеро дар ҳалли ин масоили душвор ба машварат ниёз доштем», – қайд мекунанда дар ширкат.

Зимнан зикр мегардад, ки «чандин маротиба талош варзидем, ки ба беҳбуди сатҳи шаффофият, вазъи солимӣ, муҳити зист ва бехатарӣ дар ТАЛКО саҳми худро гузорем». «Пешрафт дар ин масъалаҳо сабаби муҳим шуд, ки дар робита ба он Hydro моҳи ноябри соли 2009 дар бораи минбаъд ба имзо нарасонидани қарордодҳо дар бораи хариду фурӯши металл қарор қабул намояд», – қайд мешавад дар изҳорот.

Ёдрас мекунем, ки чанд рӯз қабл

иттилоъ дода шуд

, ки парлумони Норвегия муносибатҳои мутақобилаи Norsk Hydro бо ширкати Talko Management Ltd (TML)-ро, ки ҳамаи муомилоти савдои ТАЛКО-ро анҷом медиҳад, мавриди омӯзиш қарор додааст.

Дар маълумот қайд шуда буд, ки санҷиш дар партави аз ҷониби мақомоти қонунгузори Норвегия баррасӣ шудани изҳорот оид ба далелҳои корррупсия дар як қатор корхонаҳои давлатии кишвар сурат мегирад.

Зикр гардида буд, ки кумитаи интизоми парлумони Норвегия ба ошкор намудани далелҳои аз ҳисоби муомилот бо Norsk Hydro бойтар шудани президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машғул аст. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Муҳимтарин нукоти сафари Ҳаҷ – 2026. Арабистони Саудӣ чӣ маҳдудиятҳо гузошт ва зоирони тоҷик чиҳоро бояд донанд?

Барои ғайриқонунӣ ба Ҳаҷ рафтан то 26 500 доллар ҷарима ва ё ҳатто 6 моҳ ҳабс пешбинӣ шудааст.

Нигаронии Давлаталӣ Саид аз тақсими замин дар Хатлон

Раиси вилоят гуфтааст, ки ин вазъ ба некӯаҳволии сокинон “таъсири манфӣ мерасонад”.

Собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон дар куҷо зиндагӣ мекунанд?

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳамагӣ 9 нафар собиқадорони ҶБВ боқӣ мондаанд.

Дар Тоҷикистон иди Қурбон кай таҷлил мешавад?

Муфтии кишвар рӯзи эҳтимолии онро гуфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 78

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Чанд рӯзи оянда дар Тоҷикистон селу хокбориш пешбинӣ мешавад

Аз шаҳрвандон даъват мешавад, ки аз чораҳои эҳтиётӣ кор гиранд.

Маъмултарин ҳолатҳои риоя нашудани қонунгузории меҳнат дар Тоҷикистон кадомҳоянд?

Соли 2025 бар асари риоя нашудани қоидаҳои техникаи бехатарӣ дар корҳо 18 нафар ҳалок ва 22 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.