Даргузашти аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов

Рӯзи 8 июн аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 85-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт. Пайвандону наздикони марҳум ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки Қаҳҳор Маҳкамов васият карда будааст, ки ӯро дар оромгоҳи Сари Осиё, паҳлӯи қабри ҳамсараш – Гавҳар, ки бо ҳам 64 сол зиндагӣ кардаву 4 сол қабл вафот […]



Рӯзи 8 июн аввалин президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов пас аз бемории тӯлонӣ дар синни 85-солагӣ дар Душанбе аз олам даргузашт.

Пайвандону наздикони марҳум ба «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки Қаҳҳор Маҳкамов васият карда будааст, ки ӯро дар оромгоҳи Сари Осиё, паҳлӯи қабри ҳамсараш – Гавҳар, ки бо ҳам 64 сол зиндагӣ кардаву 4 сол қабл вафот карда буд, ба хок супоранд.

Маросими ба хок супурдани аввалин президенти Тоҷикистон имрӯз дар оромгоҳи Сари Осиёи пойтахт доир мегардад. Қаҳҳор Маҳкамов як писару як духтар дорад, ки ҳангоми марг дар сари болинаш қарор доштаанд.

Бино ба иттилои

Радиои Озодӣ

, исми Қаҳҳор Маҳкамов  дар таърихи навини Тоҷикистон ҳамчун нахустин раисиҷумҳури Тоҷикистон ва ҳам ба унвони нахустин раҳбари аввали ин кишвар, ки таҳти фишор тазоҳуроти мардум истеъфо дод, боқӣ мемонад. 

Чанде қабл, санаи 16 апрел Қаҳҳор Маҳкамов 84-умин солгарди зодрӯзашро ҷашн гирифта, хабарнигори «Азия-Плюс» бо ӯ

мусоҳиба ороста буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.