Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  ҶТ ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли равон маълумот медиҳад; – Вазорати молияи ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 нишасти хабарӣ барпо мекунад; – Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ доир ба натиҷаҳои […]



Анонс

– Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи  ҶТ ба журналистон дар бораи натиҷаҳои фаъолият дар 6 моҳи соли равон маълумот медиҳад;

– Вазорати молияи ҶТ оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 нишасти хабарӣ барпо мекунад;

– Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ доир ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли 2016 нишасти хабарӣ доир мегардад;



Қ


урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

7.8685

сомонӣ;


1

евро –

8.7285

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1155

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих


1961

— Анҷумани I-уми зиёиёни Тоҷикистон доир гардид.


2002

— Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмонов директори генералии Агентии иттилоотии «Азия-Плюс» Умед Бобохоновро ба ҳузур пазируфта, зимни таҳлили вазъи рушди васоити ахбори умуми мустақил ва озодии баён, ба Кумитаи радио ва телевизион ҷиҳати тезонидани ҷараёни додани иҷозатнома ба фаъолияти радиои «Азия-Плюс» дастур дод.


2003

— Суди олии ҶТ ду нафар аз иштирокчиёни қатли журналистон В.Никулин ва М.Олимпурро мутаносибан ба 22 ва 15 соли зиндон маҳкум кард.


2004

– Шомгоҳон дар назди манзили зисташ сардабири ҳафтавори «Рӯзи нав» Раҷаби Мирзо мавриди лату кӯб қарор гирифт.


2012

— Сокинони Хоруғ ба супурдани аслиҳа ва муҳимоти ҷангӣ шурӯъ карданд.


1939

– Зодрӯзи доктори улуми филология, профессор Раҳим Ҳошимов. 



Вазъи обуҳаво


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +18+23, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.


Дар вилояти Хатлон

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +21+26, рӯзона +35+40, дар доманакӯҳҳо шабона +16+21, рӯзона +30+35.


Дар Вилояти Мухтори К


ӯ


ҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.   

Ҳарорат: дар ғарб шабона +13+18, рӯзона +32+37; дар шарқ шабона +4+9, рӯзона +16+21.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +17+19, рӯзона +32+37, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +25+30. 


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +17+19, рӯзона +34+36.


Дар шаҳри Ху


ҷ


анд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: шабона +21+23, рӯзона +32+34.


Дар шаҳри Қ


ӯ


рғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +20+22, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +28+30.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.