ВКД: Мо аз «боздошт»-и хешони эътирозгарон дар Варшава огаҳӣ надорем

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи ҳабси хешовандони иштирокчиёни «аксияи хомӯшонаи эътироз», ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни ҷаласаи САҲА дар Варшаве ҳеҷ огаҳие надоранд. Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ маълуот доир ба ҳабси хешовандаону наздикони иштирокчиёни аксияро, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд, рад кард. Дар Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ин маълумотро […]

Наим Халимов

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар бораи ҳабси хешовандони иштирокчиёни «аксияи хомӯшонаи эътироз», ҷонибдорони Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зимни ҷаласаи САҲА дар Варшаве ҳеҷ огаҳие надоранд.

Сардори маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон Умарҷони Эмомалӣ маълуот доир ба ҳабси хешовандаону наздикони иштирокчиёни аксияро, ки дар Тоҷикистон иқомат доранд, рад кард.

Дар Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ ин маълумотро «овозаи бардурӯғ» хонда, қайд карданд, ки «барои ҳабси ҳама гуна инсон қарори суд лозим аст, ки онро дар муддати як рӯз дарёфт кардан қариб ғайриимкон аст».

Радиои Озодӣ дар ин робита менависад, рӯзи 20 сентябр Стив Свердлов, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар созмони байналмилалии Human Rights гуфтааст, аз рӯи иттилои онҳо дар паи “эътирози хомӯшона”-и аъзои ҲНИТ дар нишасти САҲА дар шаҳри Варшава ҳудудан 50 хешу табори ин нафарон дар Тоҷикистон боздошт шуданд.

Як рӯз пеш Стив Свердлов ксҳоеро аз ин аксия дар твиттери худ гузошт. Дар акс дида мешавад, ки дар аксия ҳудуди 20 нафар фаъолон ширкат варзида, сарулибос (футболка) бо тасвири ҳабсшудагон ва навиштаҷоти «озодӣ ба маҳбусони сиёсӣ»-ро дар бар доранд. Фаъолон назди яке аз деворҳои толор саф кашида, ба суханрониҳо халал эҷод намекунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.