Мураббии дарвозабонҳои мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон вафот кард

Мухтор Қурбонов, мураббии дарвозабонҳои тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ахири ҳафтаи гузашта дар синни 56- солагӣ даргузашт. Бино ба иттилои хабаргузории "Озодагон" бо такя ба дафтари матбуотии тими “Истиқлол”, Қурбонов 7-уми октябр дар кор буда, аз саломатӣ шикоят надоштааст: “Рӯзи дароз дар кор буд, то бегоҳ ба тамрини дастпарваронаш машғул буд. Баъди […]

Озодагон

Мухтор Қурбонов, мураббии дарвозабонҳои тими мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ва дастаи “Истиқлол”-и Душанбе ахири ҳафтаи гузашта дар синни 56- солагӣ даргузашт.

Бино ба иттилои хабаргузории "Озодагон" бо такя ба дафтари матбуотии тими “Истиқлол”, Қурбонов 7-уми октябр дар кор буда, аз саломатӣ шикоят надоштааст: “Рӯзи дароз дар кор буд, то бегоҳ ба тамрини дастпарваронаш машғул буд. Баъди кор ба хона рафтааст ва дар он ҷо ҷон додааст”.

Манбаи “Озодагон” аз қавли табибон иттилоъ додааст, ки Мухтор Қурбонов бар асари сактаи қалбӣ ҷон додааст. Ҷасади марҳумро дар қабристони Сариосиё ба хок супурдаанд.

Мухтор Қурбонов, фаъолияти мураббигиашро дар тими “Истиқлол”оғоз карда, соли 2012 ҳамроҳ бо ин тим Ҷоми президенти АФК-ро ба даст оварда буданд. Номбурда инчунин дарвозабонҳои тими миллии кишварро тамрин дода, дар дастаи “Помир”-и пойтахт низ фаъолият кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.