Кумитаи тафтишоти Русия парвандаи Умаралиро қатъ кард

Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург парвандаи ҷиноӣ аз рӯи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров хотима дод. Ин тифлро соли гузашта мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Русия ва пулис иҷборан аз модараш ҷудо карданд ва ӯ баъди чанде ба таври мармуз аз дунё даргузашт. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бинобар фарзияи тафтишот "таъсири берунӣ" наметавонист сабаби […]

Радиои Озодӣ

Кумитаи тафтишоти Русия дар шаҳри Санкт-Петербург парвандаи ҷиноӣ аз рӯи марги тифли панҷмоҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров хотима дод. Ин тифлро соли гузашта мақомоти Хадамоти муҳоҷирати Русия ва пулис иҷборан аз модараш ҷудо карданд ва ӯ баъди чанде ба таври мармуз аз дунё даргузашт.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бинобар фарзияи тафтишот "таъсири берунӣ" наметавонист сабаби марги кӯдак шавад. Дар ин ниҳод ҳамчунин гуфтанд, ки мақомоти Хадамоти муҳоҷират ва пулис дар ин қазия аз салоҳияти худ сӯиистифода накарданд ва кӯдак аз кӯмаки тиббӣ камбудӣ надошт.

Ёдрас мекунем, ки кӯдаки 5-моҳаи муҳоҷирон аз Тоҷикистон Заррина Юнусова ва Рустам Назаров – Умаралӣ Назарови 5-моҳа ҳангоми рейди кормандони Хадамоти федералии муҳоҷират дар шаҳри Санкт-Петербург субҳи рӯзи 13 октябри соли 2015 аз модараш гирифта шуда, баъди чанд соат аз ҷониби кормандони пулис ба бемористони кӯдаконаи ба номи Симбалин фиристода шуд ва нимашаби ҳамон рӯз дар ин бемористон фавтид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Дар ҷараёни санҷиши хидматӣ ВКД ба хулоса расид, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин ҳолат аз рӯи қонун амал кардаанд, вале дигар ниҳодҳо мақомоти пулисро дар ин ҳодиса гунаҳкор донистанд.

Ғайр аз ин, нахуствазири Русия ба президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода буд, ки ҳодисаи марги кӯдаки тоҷик дақиқан мавриди тафтиш қарор дода хоҳад шуд.

Моҳи майи соли равон «Новая газета хабар дода буд, ки суди Невскии шаҳри Санкт-Петербург беамалии мақомоти тафтишот дар ҷараёни таҳқиқи марги тифли панҷмоҳа аз Тоҷикистон Умаралӣ Назаровро ғайриқонунӣ эътироф кард.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл сокинони шаҳри Санкт-Петербург дар майдони Марсово гирдиҳам омада маросими ёдбуди марги тифли тоҷик Умаралӣ Назаровро баргузор кунанд. Дар ин ҳамоиш 30 нафар ширкат варзида, ба хотири тифл бо номи «Умаралӣ»шамъ фурӯзон карданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.