Берун овардани ронанда аз зери ғарами барф дар роҳи Душанбе – Хуҷанд

Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ як шаҳрванд занг зада, изҳор доштааст, ки мошине дар роҳи Душанбе-Хуҷанд зери тарма мондааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот наҷотдиҳандагони Кумита дар километри 71-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд мошини тамғаи “Ниссан”-ро, ки аз ҷониби шаҳрванди 47-сола Бахтиёр […]

Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ як шаҳрванд занг зада, изҳор доштааст, ки мошине дар роҳи Душанбе-Хуҷанд зери тарма мондааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот наҷотдиҳандагони Кумита дар километри 71-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд мошини тамғаи “Ниссан”-ро, ки аз ҷониби шаҳрванди 47-сола Бахтиёр Шафиев идора мешуд, аз зери ғарами барф берун кашиданд.

Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагон ба таври фаврӣ ба ронанда аввалин кӯмаки тиббӣ расонида, ӯро ғизои гарм додаанд. Айни замон ҷабрдида ҳоли хуб дошта, ба ҷойи амн интиқол дода шудааст.

Зикр мегардад, ки баландии ғарами барфи тарма 5 метр буда, масоҳати умумии 12 метрро дар бар гирифта буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад аз сафарҳо ба манотиқи тармахез то 18-уми феврал худдорӣ кунанд.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 15-ум то 18-уми феврали соли ҷорӣ боридани барфу борони шадид ва дар ноҳияҳои куҳии кишвар рехтани барфи тар интизор меравад.

Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Рушон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб эҳтимоли яхбандӣ ва дар минтақаҳое ғарами барф ва хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба манотиқи хатарноки тармахезу яхӣ худдорӣ карда, муваққатан ба ҷамъоварии ҳезум ва шикор ҳам нараванд.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳову маҳалҳои кӯҳӣ ва ё маконҳои тармахез ҷиддан масофаи таъиншуда миёни мошинҳои дар ҳоли ҳаракатро риоя намоянд.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.