БҶ зарурати афзалияти таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар Тоҷикистонро таъкид кард

Гузориши  нави  Бонки  ҷаҳонӣ (БҶ)  зарурати  афзалиятдиҳии  таъсиси ҷойҳои  нави  корӣ  аз ҷониби Тоҷикистон  барои дастёбӣ  ба ҳадафҳои рушд ва  коҳиши  сатҳи  фақрроро таъкид  мекунад.  Дар  гузориши  таҳти  унвони  “Ташхиси  ҷойҳои  корӣ  дар  Тоҷикистон:  Барномаи стратегии ташкили ҷойҳои нави корӣ” мушкилоти асосии алоқаманд бо таъсисдиҳии ҷои нави корӣ, ки кишвар бо онҳо рӯ ба  рӯ […]

Гузориши  нави  Бонки  ҷаҳонӣ (БҶ)  зарурати  афзалиятдиҳии  таъсиси ҷойҳои  нави  корӣ  аз ҷониби Тоҷикистон  барои дастёбӣ  ба ҳадафҳои рушд ва  коҳиши  сатҳи  фақрроро таъкид  мекунад. 

Дар  гузориши  таҳти  унвони  “Ташхиси  ҷойҳои  корӣ  дар  Тоҷикистон:  Барномаи стратегии ташкили ҷойҳои нави корӣ” мушкилоти асосии алоқаманд бо таъсисдиҳии ҷои нави корӣ, ки кишвар бо онҳо рӯ ба  рӯ шудааст  таҳлил  гардида,  тавсияҳо  оид ба стратегияи мусоидат ба ташкили шумораи бештари ҷойҳои нави кории сифатан беҳтар бо ҷалби занон ва ҷавонон, оварда шудаанд.

Гузориш ба мақомоти масъули ташаккули сиёсат ва намояндагони Ҳукумати ҶТ, ҷомеаи рушд ва ташкилотҳои  ҷамъиятӣ  муаррифӣ  гардид.  Чорабинӣ  аз  тарафи  Вазорати  рушди  иқтисод  ва  савдои Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Кумитаи  давлатии  сармоягузорӣ  ва  идораи  амволи  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

“Ташхис  намудани  таъсисдиҳии  ҷойҳои  корӣ  дар  Тоҷикистон  ҳуҷҷати  саривақтӣ  ва  муҳим  арзёбӣ мешавад,  азбаски  дар  он  масъалаи  таъсисдиҳии  ҷойҳои  нави  корӣ  барои  аҳолии  афзоишёбандаи Тоҷикистон муҳокима мегардад”, – гуфт Патрисия Виверс-Картер, Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон.  – Бонки ҷаҳонӣ омодааст дар рушди бахши хусусӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ ҳамчун унсурҳои муҳими коҳишдиҳии сатҳи камбизоатӣ  ва баланд бардоштани  некӯаҳволии умумӣ,  кӯмаки худро расонад.”

Тибқи  гузориш,  дар  шароити  бо  суръати  баланд  афзоиш  ёфтани  қувваи  корӣ,  бахусус  аҳолии афзоишёбандаи ҷавон дар кишвар, иқтисодиёти Тоҷикистон шумораи кофии ҷойҳои нави кориро таъсис намедиҳад.  Дар  натиҷа,  дороии  арзишмандтарини  он  –  сармояи  инсонӣ  –  ба  таври  кофӣ  истифода намешавад.  Аз  шумораи  умумии  аҳолии  қобили  меҳнати  Тоҷикистон,  танҳо  43  фоиз  бо  кор  таъмин мебошанд, ки дар он бахусус ҳиссаи ҷавонон ва занон хеле ночиз аст.

Бахши хусусии расмӣ, ки манбаи муҳимми ҷойҳои кории босифат маҳсуб меёбад, дар Тоҷикистон хуб рушд  наёфтааст.  Шуғли  расмии  музднок  дар  бахши  хусусӣ  танҳо  13  фоизи  шумораи  умумии  аҳолии машғулбударо ташкил медиҳад, дар ҳоле ки ҳиссаи соҳибкорони эҳтимолӣ, ки барои оғози фаъолияти соҳибкорӣ кӯшиш мекунанд, хеле паст буда, дар сатҳи 11,8 фоиз қарор дорад. Ин ҳама аз маҳдудиятҳои назаррас барои оғоз намудан ва бурдани фаъолияти соҳибкорӣ шаҳодат медиҳад. Аксарияти ширкатҳои дар бахши хусусии расмӣ мавҷудбуда хурд ва ҷавон мебошанд ва чунин ба назар мерасад, ки онҳо бо мушкилот ё омилҳои боздорандаи рушд рӯ ба рӯ мешавад.

“Дар ҳоле ки мушкилот назаррас мебошанд, дар гузориши мазкур тавсияҳои мушаххас ҷиҳати рафъи он мушкилот ва беҳтар намудани натиҷаҳои  таъсисдиҳии ҷойҳои нави  корӣ дар Тоҷикистон, баён шудаанд,”  – гуфт  Виктория Строкова, Иқтисодчии Бонки ҷаҳонӣ ва  ҳаммуаллифи  гузориш.  – Тавсияҳои мазкур бар таҳлил дар ташхиси ҷойҳои корӣ асос ёфта,  ба ҳаҷми бузурги кори иловагӣ, аз он ҷумла машваратҳо  бо намояндагони  Ҳукумат,  бахши  хусусӣ,  ҷомеаи  шаҳрвандӣ  ва  дигар  тарафҳои манфиатдор, такя мекунанд.”

Айни замон  Бонки ҷаҳонӣ 23 лоиҳаро дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мекунад, ки  маблағи умумии онҳо 369,3 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳои мазкур ба дастгирии афзоиши иқтисодӣ аз ҳисоби  рушди бахши хусусӣ дар баробари сармоягузорӣ ба беҳтар намудани хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба  аҳолӣ  ба  монанди  дар  соҳаи  маориф,  тандурустӣ,  хизматрасониҳои  коммуналӣ  ва  ҳифзи  иҷтимоӣ равона шудаанд. 

Бонки ҷаҳонӣ барои идомаи дастгирии Тоҷикистон омода аст, зеро кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки зиндагии мардумро беҳтар намуда талаботи аҳолии ҷавон ва афзоишёбандаи худро қонеъ созад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.