Чораҳои бехатарӣ ҳангоми гузаронидани амалиёт тариқи банкомат

Дар мавзӯи гузашта, мо дар бораи ипотека гап задем, имрӯз дар бораи чораҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи банкомат сухан меронем. Ҳангоми гузаронидани амалиёт тавассути банкомат, ба мисли дигар амалиётҳои бонкӣ, чораҳои бехатариро риоя намудан лозим аст. Дар байни амалҳои тавсияшуда, мо инҳоро кайд намудем: 1. Ба намуди зоҳирии банкомат таваҷҷӯҳ намоед. Оё ягон чизи ғайриоддӣ дар […]

Маводи шарикӣ

Дар мавзӯи гузашта, мо дар бораи ипотека гап задем, имрӯз дар бораи чораҳои бехатарӣ ҳангоми истифодаи банкомат сухан меронем.

Ҳангоми гузаронидани амалиёт тавассути банкомат, ба мисли дигар амалиётҳои бонкӣ, чораҳои бехатариро риоя намудан лозим аст. Дар байни амалҳои тавсияшуда, мо инҳоро кайд намудем:

1. Ба намуди зоҳирии банкомат таваҷҷӯҳ намоед. Оё ягон чизи ғайриоддӣ дар онҳо нест? Таҷҳизотҳои шубҳанок дар назар дошта шудааст. Мисол,  ягон дастгоҳи иловагӣ дар клавиатура, ки то ҳол онро надидаед, насб карда шудааст, экрани холӣ ё дастурамали аҷоиб. Дар ин ҳол аз истифодаи ин банкомат худдорӣ намоед.

2. Агар имкон бошад, аз банкоматҳое, ки дар бонк ё шӯъбаҳои он ҷойгиранд, истифода баред.

3. Махфиятро нигоҳ доред. Агар дар назди банкомат навбат бошад, диққат диҳед, то ҳеҷ кас ба парол ворид кардани Шумо аҳамият надиҳад.

4. Агар корти Шумо озодона ба банкомат ворид нашавад, онро зӯран тела накунед.

5. Махфияти парол (PIN-код)-и Шумо пурра таъмин карда мешавад. Қаллобон аз тарҳи гуногун истифода мебаранд, аз ҷумла аз номи бонк ё намояндагии он худро муаррифӣ карда, барои гирифтани рақамҳои пароли Шумо дархост мекунанд. Шумо бояд як қоидаи оддиро дар хотир доред: агар касе аз Шумо парол(PIN-код)-и  кортро пурсад, он эҳтимол қаллоб аст!

6. Ҳангоми истифодаи банкомат аз ёрии бегонагон  даст кашед. Агар ба мушкилот дучор шудед, кӯшиш кунед, ки амалиётро бекор гардонда, корти худро аз банкомат гиред. Агар корт маҳкам шуда бошад, бо шӯъбаи дастгирии мизоҷони бонк (одатан рақамҳои телефонӣ дар банкоматҳо часпонда шудаанд) тамос гиред. Ба бонк занг зада, аз  мушкилот хабар диҳед ва амалиётҳои кортро қатъ намоед.

7. Амалиётҳои худро назорат кунед. Чекҳоро нигоҳ дошта, ҳармоҳа бо изҳороти бонк муқоиса намоед.

8. Меъёри истифодабарӣ гузоред. Бо мақсади чораҳои бехатарии иловагӣ, Шумо метавонед, барои гирифтани маблағ меъёри ҳаррӯза муқаррар намоед. Камбудиаш дар он аст, ки ҳангоми зарурат, Шумо танҳо маблағи муқарраршударо гирифта метавонед, то даме, ки меъёр гирифта нашавад  ё андозаи он тағйир наёбад.

9. Агар Шумо аз банкоматҳои бонки дигар истифода баред, он гоҳ комиссия барои хизматрасонӣ (барои додани пул), нисбат ба хизматрасониҳои банкоматҳои бонки Шумо зиёдтар аст.  Тарофаҳоро бодиққат омӯзед.

10. Баъзе бонкҳо банкоматҳои худро дар биноҳои махсус насб мегардонанд ва барои ворид гаштан ба он биноҳо кортҳои бонкиро, бе ворид кардани PIN-код, истифода мебаранд. Агар аз Шумо ворид крадани  PIN-кодро талаб карданд, онро нагуфта, кортро баргадонда гиред.

11. Пас аз гирифтани пул аз банкомат онро ҳисоб накунед. Аксари банкоматҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ насб гардидаанд ва онҷо шумораи зиёди одамон ҷамъ мешаванд. Диққати  бегонагонро ба худ ҷалб накунед.

12. Агар  банкомат корношоям шуд ё барқ якбора паст шуду корти Шумо дар банкомат маҳкам («фурӯ бурд") шуд, пас ба Шумо лозим аст, ки ба бонк занг зада, фаъолияти онро  қатъ намоед. Сониян ба бонк омада, барои гирифтани корт ариза нависед (давраи бозгардондан дар шартнома муқаррар шудааст).

Маводҳои рубрикаи “Саводнокии молиявӣ” дар доираи созишномаи ҳамкории муштараки ҶСП “Спитамен Бонк” ва  ҶДММ Агентии Иттиллоотии “Азия-плюс” дар соҳаи баландбардории маълумотнокии молиявии аҳолӣ омода шудаанд.

Дар таҳияи иттилоот маводи таълимии: Ҳикматов У.С., Койчуева М.Т. Асосҳои саводнокии молиявӣ: маводи таълимӣ. – Б.: ДСРК, 2015. –саҳ. 131-132 истифода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.