Андозбандии ҳофизони тӯйгард сабуктар шуд

Ҳукумати Тоҷикистон қариб ба ҳамаи навъҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки бар асоси патент амалӣ мешаванд, шартҳои андозбандиро сабуктар кард. Мувофиқи қарори ҳукумат «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд», дар таҳрири нав (аз 25 январ) ҳаҷми меъёри патент ба миқдори 14-15% кам шудааст. Ҳамин тариқ, акнун ҳар […]

Ҳукумати Тоҷикистон қариб ба ҳамаи навъҳои фаъолияти соҳибкории инфиродӣ, ки бар асоси патент амалӣ мешаванд, шартҳои андозбандиро сабуктар кард.

Мувофиқи қарори ҳукумат «Дар бораи тасдиқи қоидаҳои андозбандии соҳибкорони инфиродие, ки дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд», дар таҳрири нав (аз 25 январ) ҳаҷми меъёри патент ба миқдори 14-15% кам шудааст.

Ҳамин тариқ, акнун ҳар моҳ барои кашонидани мусофирон тариқи воситаи нақлиёти сабук – 90 сомонӣ ба ивази 105 сомонӣ, микроавтобусҳо – 150 сомонӣ ба ҷойи 177 сомонӣ, автобусҳо – 120 сомонӣ ба ҷойи 139 сомонӣ андоз пардохт кардан лозим меояд.

Пардохти маблағи патент барои фурӯши яхмос, маснӯоти қаннодӣ, асал, ҳамаи навъҳои ширниҳо, самбӯса, биринҷ ва хушкмева – аз 158 сомонӣ то ба 135 сомонӣ, мева – аз 123 сомонӣ то ба 105 сомонӣ, нӯшокиҳои ғайримашруботӣ – аз 105 сомонӣ то ба 90 сомонӣ, нос – аз 281 сомонӣ то ба 240 сомонӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ барои воситаҳои нақлиёт – аз 234 сомонӣ то ба 200 сомонӣ кам карда шудааст.

Патенти ҳармоҳа барои ҳуқуқи овозхонӣ дар тӯй ва дигар маросимҳои ҷашнӣ – аз 633 сомонӣ то ба 540 сомонӣ ва хизматгузориҳои мусиқиву рақс ва барандагӣ дар тӯй ва дигар ҷашнҳо – аз 139 сомонӣ то ба 120 сомонӣ пойин бурда шудааст.

Барои пешниҳоди хизматгузории ҳоҷатхонаи ҷамъиятӣ акнун – ба ҷойи 211 сомонӣ 180 сомонӣ, барои иҷрои корҳои сохтмон дар иншооти шахсони воқеӣ – ба ивази 139 сомонӣ 120 сомонӣ маблағи андоз пардохт кардан зарур аст.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2014 Вазорати молия ва Кумитаи андоз ваколдатдор шуда буданд, ки ҳамасола бо назардошти сатҳи таваррум дар соли гузашта, ҳаҷми меъёри патентро индексатсия ва муқаррар намоянд.

Бо қарори ҳукумат дар таҳрири нав соли равон ҳаҷми меъёрҳои патент амалан то сатҳи соли 2013 поин бурда шуда, дар назар аст, ки се соли наздик (то соли 2019) меъёри патентҳо тағйир дода намешаванд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.