Иҷозаи Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал»

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» ҷиҳати парвози ҳавопаймоҳояш аз фурудгоҳи Жуковскии вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дар мавсими тобистон иҷоза дод. Як манбаъ аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки қарори мазкур рӯзи 30 март қабул шудааст. Номбурда зикр кард, ки доир ба ҷузъиёти дигари […]

Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» ҷиҳати парвози ҳавопаймоҳояш аз фурудгоҳи Жуковскии вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд дар мавсими тобистон иҷоза дод.

Як манбаъ аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки қарори мазкур рӯзи 30 март қабул шудааст. Номбурда зикр кард, ки доир ба ҷузъиёти дигари масъала Вазорат каме баъдтар маълумот хоҳад дод.

Қаблан Вазорати нақлиёти Русия изҳор дошта буд, ки ҷиҳати мувофиқасозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский ба шаҳрҳои Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро рӯйи кор мегирад.

Вазири нақлиёти Русия Максим Соколов дар ин робита зикр карда буд, ки мақомоти Русия доимо аз манфиатҳои ширкатҳои ҳавопайоии ватанӣ ҳимоя намуда, барои водор намудани Тоҷикистон ҷиҳати ба иҷро расидани бандҳо ва қарордодҳо дар чаҳорчӯби созишномаи байниҳукуматӣ оид ба алоқаи ҳавоӣ тадбирҳои зарурӣ меандешад ва доир ба ин масъала ҷонибҳо метавонанд гуфтушунидҳои иловагӣ баргузор кунанд.

Қаблан мақомоти нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати ҳавопаймоии «Ямал»-и Русия ба ивази Душанбе парвозҳо аз фурудгоҳи «Жуковский»-и вилояти Маскав ба шаҳри Кӯлобро пешниҳод намуданд.

Аммо ширкати «Ямал» ин пешниҳодро комилан қабул надошта, директори тиҷоратии ширкат Андрей Дубров дар ин робита изҳор намуд, ки онҳо ивази фурудгоҳ зимни парвоз аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистонро баррасӣ намекунанд.

«Пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон қобили қабул нест, – гуфтааст ӯ. – Масъалаи парвоз ба Кӯлоб ҳатто баррасӣ намешавад, чнки ин шаҳри начандон бузург буда, ба он монандӣ дорад, ки мо ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон парвоз ба Тиксиро пешниҳод намоем».

Қобили зикр аст, ки дар мавсими зимистон Тоҷикистон ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон аз фурудгоҳи «Жуковский» иҷозат надода буд.

Дар навбати худ Русия парози ҳавопаймоҳои ширкати тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русияро маҳдуд кард.

Баъди гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳо нисбати ширкати «Сомон Эйр» ба ивази аз оғози мавсими тобистон, яъне аз 26 март роҳандозии парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба пойтахти Тоҷикистон ба мувофиқа расида буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.