Мақоми Дафтари САҲА дар Тоҷикистон иваз шуд

Баъди пофишории зиёди ҳукумати Тоҷикистон, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) қарор кард, мақоми намояндагиаш дар Душанберо, ки яке аз бузургтарин намояндагиҳои минтақавии созмон буд, дигар кунад. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Шӯрои доимии созмон рӯзи 1-уми июн қарор қабул кард, ки сар аз моҳи июл мақоми дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Баъди пофишории зиёди ҳукумати Тоҷикистон, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) қарор кард, мақоми намояндагиаш дар Душанберо, ки яке аз бузургтарин намояндагиҳои минтақавии созмон буд, дигар кунад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Шӯрои доимии созмон рӯзи 1-уми июн қарор қабул кард, ки сар аз моҳи июл мақоми дафтари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо тағйир дода шавад ва минбаъд ба ҳайси “Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе” фаъолиятҳояшро идома бидиҳад.

Тағйири мақоми намояндагӣ ба маънии маҳдуд шудани фаъолиятҳои созмон дар Тоҷикистон аст, ки то кунун барои рушди демократия, мурооти ҳуқуқи инсон, ислоҳоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва мубориза бо терроризму ифротгароӣ ба кишвар кӯмак мекард. Дар ин бора хадамоти иттилоотии САҲА хабар медиҳад.

Дар дафтари матбуоти Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи сабабҳои тағйири мақоми намояндагиашон худдорӣ карданд, вале як манбаи огоҳ аз қазия гуфт, ки пофишории Тоҷикистон ба маҳдуд кардани фаъолияти дафтар сабаб шуд, ки Шӯрои доимии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо чунин қароре қабул кунад.

Ба гуфтаи манбаъ, моҷарои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон ва роҳ додани тарафдорони ин ҳизб ба як ҳамоиши Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро як сабаби хашмгин шудани мақомоти Тоҷикистон аз созмон ва бознигарии ҳамкориҳо шудааст.

Пештар аз ин Маркази САҲА дар Қирғизистон бо дархости ҳукумат мақомашро ба Дафтари Барномаҳои САҲА иваз карда буд. Дафтари САҲА аз 1 майи соли 2017 дар Бишкек дар шакли нав фаъолияташро оғоз кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.