Вуруди ноболиғон шабона ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳои пойтахт манъ шуд

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарор вуруд ва будубоши ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабонаро манъ кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ин қарор бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгирии содиршавии ҳар гуна қонунвайронкуниҳо аз тарафи ноболиғон ё бо иштироки онҳо, иҷрои дастурҳои Президенти мамлакат содир […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо имзои як қарор вуруд ва будубоши ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабонаро манъ кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдорӣ, ин қарор бо мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои ноболиғон, пешгирии содиршавии ҳар гуна қонунвайронкуниҳо аз тарафи ноболиғон ё бо иштироки онҳо, иҷрои дастурҳои Президенти мамлакат содир шудааст.

Дар қарори мазкур масъулони марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо муваззаф шудаанд, ки дар даромадгоҳи ин биноҳо эълони манъи мазкурро овезанд.

Гуфта мешавад, воридшавии ашхоси ба балоғат расида ба ин гуна ҷойҳо дар асоси шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият ба роҳ монда мешавад.

Ба Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он дастур дода шуд, ки ҷиҳати ошкор кардани ҳолатҳои воридшавӣ ва будубоши ноболиғон дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона, масъалаи ба ҷавобгарии дахлдори ҳуқуқӣ кашидани падару модари ин гуна ноболиғон ва роҳбарияти марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар пайроҳаи шоир. Чӣ гуна хотираи Мирзо Турсунзода дар зодгоҳаш Қаротоғ ҳифз мешавад?

Имсол 115-солагии ин шоири халқӣ ва Қаҳрамони Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад.

Фариштамоҳ Асламова: “Боварӣ надоштам, ки “Miss Dushanbe – 2026” мешавам”

Ин зебосанам кист ва сирри мувафақияти ӯ дар чист? Дар гузориши вижаи мо бубинед.

Дар Тоҷикистон Стратегияи рушди соҳаи алоқа қабул шудааст

Мақомот бовар доранд, ки ин ҳуҷҷат барои беҳтар шудани сифати интернет ва арзон шудани нархи он замина мегузорад.

Ҳалокати се тан дар пайи селу обхезӣ дар Кӯлоб. Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаи ҷонбохтагон изҳори ҳамдардӣ кард

Шаби гузашта дар пайи борони шадид дар шаҳри Кӯлоб сел омада, бархе маҳаллаҳо зери об мондаанд.

“Девори Бухоро манам!” Намоиши “Тоҷгузори миллат” аз чӣ қиса мекунад?

Дар Душанбе корномаи Наср ва Исмоили Сомонӣ ба саҳна гузошта шуд

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Комил Ёрматов ва Мирзо Турсунзода то Рӯзи байналмилалии Ҳаррӣ Поттер

“Касб ҷинсият намешиносад”. Чӣ тавр зани тоҷик дар Амрико усто шуд?

Ӯ аз камтарин занони тоҷик дар иёлоти Лос-Анҷелес мебошад, ки бо таъмири техникаи маишӣ машғул аст.

Мақомот бори аввал қазияи “устухон хӯрдан”-и сарбоз ва сабаби марги ӯро шарҳ доданд

Пайвандонаш мегӯянд, сарбози 23-сола дар натиҷаи беэътиноии масъулини қисми низомӣ нисбати саломатиаш ҷон бохт.

Дар Суғд фурӯши чанд маҳсулоте, ки тез вайрон мешаванд, манъ шуд

Фурӯши кадом маҳсулот манъ шудааст? Дар ин хабари мо хонед.