Баррасии масоили ҳамкории Тоҷикистону БОР дар Душанбе

Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушд (БОР)-ро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва ин ниҳодия молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистон ва БОР дар давоми 20 соли охир […]

Дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёгии Рушд (БОР)-ро ба ҳузур пазируфта, дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории молиявии Тоҷикистон ва ин ниҳодия молиявӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамкории мутақобилаи Тоҷикистон ва БОР дар давоми 20 соли охир изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид доштанд, ки дар ин давра аз ҷониби бонки мазкур соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 1,5 миллиард доллари амрикоӣ маблағгузорӣ шуда, Бонк ба калонтарин шарики рушди мамлакат табдил ёфтааст.

Ҷонибҳо ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Бонки Осиёгии Рушдро дар соҳаҳои энергетика, нақлиёт ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ аз самтҳои афзалиятнок дар ҳамгироиҳои минбаъда арзёбӣ намуда, истифодаи пурраи имкониятҳои истифоданашударо барои беҳбудии равобити дуҷониба муҳим шумориданд.

Дастгирӣ намудани лоиҳаҳои инфрасохтори нақлиётии барои рушди тиҷорати минтақавӣ аҳамиятдошта, аз ҷумла таҷдиди марҳалаи аввал қитъаи роҳи Оби Гарм-Роғун-Нурободи нави шоҳроҳи автомобилгарди Ваҳдат-Рашт-сарҳади Қирғизистон (Ваҳдат-Қарамиқ), лоиҳаи таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, хамкорӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, ки дар таҳқими иқтидори истеҳсолию интиқоли неруи барқ, ки дар тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмини суботи сиёсиву иҷтимоии минтақа нақши калон доранд, ҷалби маблағҳои иловагӣ дар бартарафсозии оқибатҳои ногувори офатҳои табиӣ дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои марбут ба суботи молиявӣ ва мувозинати буҷет, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ниёз дорад аз самтҳои нав ва барои ҳарду ҷониб манфиатбори ҳамкориҳо маънидод гардид.

Изҳори бовар карда шуд, ки бо талошҳои муштарак дар татбиқи ҳадафҳои дуҷониба ва тақвияти боз ҳам бештари муносибатҳои Тоҷикистон ва Бонки Осиёгии Рушд муваффақият ба даст оварда мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.