Дар Чин дигар нисбати тоҷикистониён ҳукми қатл ба иҷро намерасад

Дар Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 19 июн сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Парвиз Давлатзода ва муовини вазири корҳои хориҷии Чин Лю Ҷэнмин бо имзо намудани Протоколи дахлдор тасдиқномаҳоро оид ба тасдиқи Шартнома байни Тоҷикистон ва Чин оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон, ки 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, мубодила намуданд. […]

Дар Вазорати корҳои хориҷии Чин рӯзи 19 июн сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Парвиз Давлатзода ва муовини вазири корҳои хориҷии Чин Лю Ҷэнмин бо имзо намудани Протоколи дахлдор тасдиқномаҳоро оид ба тасдиқи Шартнома байни Тоҷикистон ва Чин оид ба бозпас гардонидани маҳкумшудагон, ки 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, мубодила намуданд.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, тибқи муқаррароти моддаи 20-и Шартномаи дар боло номбурда, он дар рӯзи 30-юм баъди мубодилаи тасдиқномаҳо, яъне 19 июли соли 2017 эътибор пайдо менамояд.

Қобили зикр аст, ки дар Чин моҳи январи соли 2016 нисбати шаҳрванди Тоҷикистон Ҳасан Юсуфови 51-сола ҳуки қатл мавриди амал қарор гирифт. Суди Чин ӯро ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир гунаҳкор эътироф намуд. Субҳи рӯзи 28 январ ӯ ба қатл расонида шуд.

Ҳасан Юсуфов, ки ба соҳибкорӣ ва воридоти мол аз Чин машғул буд, ҳанӯз панҷ соли пеш дар Урумчӣ бо иттиҳом қочоқи маводи мухаддир дастгир ва баъдан аз сӯи додгоҳи Чин ба қатл маҳкум шуд. Ӯ дар бозор ба доми фиреби як зан афтода ва ҳини интиқоли як халта ба ҷойи дигар, ки дар дарунаш маводи мухаддир буд, аз тарафи пулиси Урумчӣ боздошт гардид.

Тобути Ҳасан Юсуфов рӯзи 2 феврали соли гузашта аз Урумчӣ ба Душанбе интиқол дода шуд. Мақомоти Чин маъмулан ҷасадҳои тибқи ҳукми додгоҳ қатлшударо ба наздиконашон намедиҳанд, «вале бо талошу пофишориҳои сафорати Тоҷикистон дар Чин муяясар шуд, ки ба таври истисно ҷасади ӯро гиранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.