Гулӯлаи аз Афғонистон партобшуда ба хоки Тоҷикистон афтод

Мақомоти тоҷик ба хоки Тоҷикистон афтодани гулӯла ва чанд тир аз ҷониби Афғонистонро баррасӣ мекунанд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин ҳодиса зоҳиран субҳи рӯзи 16-уми июн аз самти Афғонистон ба Тоҷикистон дар авҷи ҷангҳои миёни гурӯҳҳои шӯришӣ ва нирӯҳои ҳукуматӣ барои таҳти назорат даровардани манотиқе дар шимоли ин кишвар рух додааст. Мақомоти Афғонистон мегӯянд, […]

Радиои Озодӣ

Мақомоти тоҷик ба хоки Тоҷикистон афтодани гулӯла ва чанд тир аз ҷониби Афғонистонро баррасӣ мекунанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин ҳодиса зоҳиран субҳи рӯзи 16-уми июн аз самти Афғонистон ба Тоҷикистон дар авҷи ҷангҳои миёни гурӯҳҳои шӯришӣ ва нирӯҳои ҳукуматӣ барои таҳти назорат даровардани манотиқе дар шимоли ин кишвар рух додааст.

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, дар пайи ин даргириҳо деҳоти Зардкамар, Гуртеппа, Ҳалқаноқ, Қуруқ​ дар вилояти Тахор ба дасти Толибон афтодааст. Ин деҳаҳо дар марзи Тоҷикистон қарор доранд.​

Гулӯлае, ки аз самти Афғонистон партоб шудааст, ​дар пахтазори наздик ба деҳаи “20-солагии истиқлолияти Тоҷикистон”, собиқ Пушқоқи ноҳияи Фархор афтодааст. Ин деҳа дар 3-километрии марзи Тоҷикистон бо Афғонистон ҷойгир аст.

Масъулини Раёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон мегӯянд, шилики гулӯла ба хоки Тоҷикистонро бо ҷониби Афғонистон дар миён гузоштаанд. Мақомоти афғон мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд ин гулӯларо Толибон шиллик кардаанд. Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Идораи марзбонии Тоҷикистон 19 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ин мавзӯъро таҳқиқ доранд.

Сокинони ноҳияи Ҳамадонӣ ва Панҷ низ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки шоҳиди афтодани тирҳо аз он тарафи марз шудаанд, вале он тирҳо хурд буда, ҳеҷ ҷоеро тахриб накардаанд. Аммо гулӯлае, ки дар ноҳияи Фархор афтодааст, бузургтар буда, масоҳати 3 метри мураббаъ аз пахтазорро хароб кардааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.