Тавлиди фарзанди нахустини Комроншоҳи Устопириён

Варзишгари маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён нахустин бор соҳиби фарзанд шуд. Дар бораи ба дунё омадани писари варзишгар дар саҳифаи Amriddin Sport In Tjk дар Фейсбук хабар дода мешавад. Дар саҳифаи худи Комроншоҳ дар ин бора маълумот дода нашудааст. Amriddin Sport In Tjk менависад, тифлро Муҳаммад ном гузоштаанд. Дар ин саҳифа ҳамчунин аксе бо навиштаи «Падари […]

Варзишгари маъруфи тоҷик Комроншоҳи Устопириён нахустин бор соҳиби фарзанд шуд. Дар бораи ба дунё омадани писари варзишгар дар саҳифаи Amriddin Sport In Tjk дар Фейсбук хабар дода мешавад. Дар саҳифаи худи Комроншоҳ дар ин бора маълумот дода нашудааст.

Amriddin Sport In Tjk менависад, тифлро Муҳаммад ном гузоштаанд. Дар ин саҳифа ҳамчунин аксе бо навиштаи «Падари Муҳаммад» мунташир шудааст, ки дар он варзишгар тифлашро дар даст дорад.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки Комроншоҳи Устопириён 18 сентябри соли 2016 издивоҷ карда, тӯйи арӯсӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд баргузор шуд.

Комроншоҳи Устопириён 7 январи соли 1993 дар ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ба дунё омада, соли 2015 риштаи тарбияи ҷисмонии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. Аз соли 2012 ба дзюдо машғул аст. Мураббии нахустинаш падараш Усто Устопиров ва баъдан бародараш Фаридун Устопиров буда, айни замон зери раҳбарии Владимир Елчанинов тамрин мекунад.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл, моҳи майи соли равон Комроншоҳи Устопириён дар мусобиқаи Чемпионати Осиё оид ба дзюдо (вазни то 90 кило) дар Гонконг ба медали тилло соҳиб гардида, маротибаи дуюм қаҳрамони Осиё шуд.

Ҳамчунин мебояд гуфт, охири моҳи марти соли ҷорӣ Комроншоҳи Устопириён барои рафтори номуносиб ҳангоми мусобиқа ба муҳлати ду сол  аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳои дохили кишвар маҳрум шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.