Гурӯҳи «Давлати исломӣ» масҷиди ҷомеи қадимии Мавсилро тарконд

Артиши Ироқ рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми июн дар баёнияе эълом кардааст, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» масҷиди ҷомеи "Ан-Нурӣ" дар бахши қадимии Мавсилро таркондааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин дар ҳоле аст, ки шабакаи "Аъмоқ" вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрикоро муттаҳам кардааст, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ ин масҷидро бамборон кардаанд. […]

Радиои Озодӣ

Артиши Ироқ рӯзи чаҳоршанбеи 21-уми июн дар баёнияе эълом кардааст, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» масҷиди ҷомеи "Ан-Нурӣ" дар бахши қадимии Мавсилро таркондааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, ин дар ҳоле аст, ки шабакаи "Аъмоқ" вобаста ба гурӯҳи "Давлати исломӣ" нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрикоро муттаҳам кардааст, ки дар ҳамлаи ҳавоӣ ин масҷидро бамборон кардаанд.

Дар ҳамин замина, дафтари расонаҳои артиши Ироқ низ аксҳои ҳавоӣ аз масҷиди тахрибшудаи "Ан-Нурӣ"-ро нашр кардааст. Артиши Ироқ дар баёнияи худ гуфтааст, ки "гурӯҳи террористии ДИИШ бо тарконидани масҷиди Ан-Нурӣ ва манораи Ал-Ҳадбо, як ҷинояти таърихии дигар муртакиб шуд."

Тибқи ин баёния, масҷиди Ан-Нурӣ ва манораи Ал-Ҳадбо дар ҳоле тарконида шуданд, ки нерӯҳои артиши Ироқ ба 50-метрии ин масҷид расиданд. Масҷиди Ан-Нурӣ, ки бо номи Масҷиди ҷомеи Мавсил низ маъруф аст, ҳамроҳ бо манораи каҷи Ал-Ҳадбо, таърихи беш аз 800-сола дорад. Артиши Ироқ авоили субҳи чаҳоршанбе эълон карда буд, ки дар ҳоли пешрафӣ ба тарафи масҷиди Ан-Нурӣ аст.

Ба гузориши Ассошиэйтед пресс, эътилофи байналмилалӣ бо раҳбарии Амрико низ иддаои гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар бораи таркиши масҷиди Ан-Нуриро рад карда ва гуфтааст, "ҳеҷ амалиёти ҳавоӣ бар болои бахши қадимии Мавсил надоштааст".

Генерал Ҷозеф Мартин, фармондеҳи нерӯҳои заминии эътилофи байналмилӣ дар Ироқ гуфтааст, таркиши масҷиди Ан-Нурӣ ва манораи Ал-Ҳадбо ҷинояте алайҳи мардуми Мавсил ва тамоми Ироқ аст ва ин намунаи дигаре аз фаъолиятҳои ваҳшиёнаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст. Генерал Ҷозеф Мартин афзудааст, ки "масъулияти ин вайронкорӣ ба ӯҳдаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.