Таваҷҷуҳ ба роҳандозии робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни Тошканду Душанбе

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 21 июн бо ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ин кишвар Улуғбек Розуқулов мулоқот кард. Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Маҳаки асосии музокиротро масъалаи ба роҳ мондани […]

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 21 июн бо ҳайати Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти роҳбарии муовини Сарвазири ин кишвар Улуғбек Розуқулов мулоқот кард.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, дар ҷараёни вохӯрӣ масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Маҳаки асосии музокиротро масъалаи ба роҳ мондани ҳамкориҳои иқтисодӣ-тиҷоратӣ миёни шаҳри Душанбе ва субъектҳои хоҷагидори Ҷумҳурии Ӯзбекистон ташкил дод.

Дар ин робита таъкид гардид, ки ҳар ду ҷониб дорои понтесиали васеъи ҳамкорӣ ва имконияти фаровони ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахши ташкили корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои нақлиёт, техникаи коммуналӣ ва  кишоварзӣ, масолеҳи сохтмонӣ, молҳои маишӣ ва ғайра  мебошанд.

Ҷонибҳо ба рушду тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши сайёҳӣ, ба роҳ мондани робитаҳои бародаршаҳрӣ миёни  Душанбеву Тошканд, таъсиси "Хонаи савдо"-и Душанбе дар шаҳри Тошканд ва "Хонаи савдо"-и Тошканд дар Душанбе мароқ зоҳир намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Душанбе рӯзи 20 июн гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид. Ҳайатҳоро муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини нахуствазири Ӯзбекистон Улуғбек Розиқулов сарварӣ карданд.

Дар вохӯрӣ тоҷирону соҳибкорони ҳарду кишвар ширкат варзида, ба намояндагони ҳукуматҳо пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати рушди муваффақонаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо, низоми раводид (визаи)-и соли 2000-ум ҷоришуда байни давлатҳо бекор ё соддатар карда шавад.

Ояндаи наздик дар мавзеи наздикии колхози «Россия»-и шаҳри Душанбе сохтмони маркази фурӯши автомашинаҳои сабукрави тамғаи «Равон»-и Ӯзбекистон оғоз мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".