Соҳибкорони тоҷику ӯзбек бекор шудани раводидро мехоҳанд

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 20 июн гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид. Ҳайатҳоро муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини нахуствазири Ӯзбекистон Улуғбек Розиқулов сарварӣ карданд. Дар вохӯрӣ тоҷирону соҳибкорони ҳарду кишвар ширкат варзида, ба намояндагони ҳукуматҳо пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати рушди муваффақонаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо, низоми раводид (визаи)-и соли 2000-ум […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Душанбе рӯзи 20 июн гуфтушуниди ҳайатҳои ҳукумати Тоҷикистону Ӯзбекистон доир гардид. Ҳайатҳоро муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ва муовини нахуствазири Ӯзбекистон Улуғбек Розиқулов сарварӣ карданд.

Дар вохӯрӣ тоҷирону соҳибкорони ҳарду кишвар ширкат варзида, ба намояндагони ҳукуматҳо пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати рушди муваффақонаи муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ миёни кишварҳо, низоми раводид (визаи)-и соли 2000-ум ҷоришуда байни давлатҳо бекор ё соддатар карда шавад.

Зикр гардид, ки айни замон дар марзи кишварҳо ду гузаргоҳи назоратӣ амал мекунад ва дар ин робита тоҷирон масъалаи ифтитоҳи гузаргоҳҳои иловагиро ба миён гузоштанд.

Ғайр аз ин, ҳамчунин пешниҳод шуд, ки арзиши билетҳои ҳавопаймоӣ ба хатсайрҳо миёни шаҳрҳои Душанбе ва Тошканд поин бурда шавад.

Дар гуфтушунид ҷонибҳо доир ба роҳу воситаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар бахши иқтисод ва сармоягузории мутақобила баҳри рушди иқтисоди кишварҳо табодули назар намуданд.

Зимни вохӯрӣ бо изҳори қаноатмандӣ зикр шуд, ки ахиран ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар ҳоли афзоиш аст: танҳо тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми он беш аз 70 млн. долларро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки давоми тамоми соли 2016 ин нишондиҳанда каме бештар аз 69 млн. долларро ташкил дода, дар қиёс бо соли 2015 қариб 6 маротиба зиёдтар аст.

Ёдрас мекунем, ки ояндаи наздик дар қаламрави мавзеи колхози «Росия»-и шаҳри Душанбе сохтмони маркази фурӯши автомашинаҳои сабукрави тамғаи «Равон»-и истеҳсоли Ӯзбекистон оғоз мегардад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.