Эмомалӣ Раҳмон се судяро аз мансаб барканор кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз мансаб барканор шудани се судя фармон ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Соқизода Раҳмон аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раҳмонзода Мошариф аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи аз мансаб барканор шудани се судя фармон ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Соқизода Раҳмон аз вазифаи раиси суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Раҳмонзода Мошариф аз вазифаи муовини якуми раиси суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан ва Мирмахсумиён Исмоил Муродбек бинобар риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо аз вазифаи раиси суди ноҳияи Рӯдакӣ озод карда шуданд.

Қобили зикр аст, ки раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён зимни вохӯрӣ бо журналистон изҳор намуд, ки аз оғози сол барои роҳ додан ба кирдори пастзанандаи шаъну эътибори судя, судяи Суди ноҳияи Панҷ Тоҷиддин Қурбониён аз вазифааш озод карда шуд. “Ӯ 1000 сомонӣ пора гирифта, ба қонуншиканӣ даст зад. Судя боздошт ва тафтишот аз рӯи ин далел идома дорад”, – гуфт Шоҳиён.

Ҳамчунин бо фармони Сарвари давлат Ҷалолов Мирзошариф, ки сафири Тоҷикистон дар Ҳиндустон аст, ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Бангладеш таъин карда шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.