Корҳои барқарорсозии қитъаи обшустаи роҳи Душанбе – Хоруғ

Дар қитъаи обшустаи роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ корҳои барқароркунӣ ҷараён доранд. Дар ин мавзеъ бо ёрии низомиёни тоҷику рус дар қитъаи роҳи харобшудаи Ширговад корҳои анҷоми таркиш роҳандозӣ шуда, сарбанди дар ин ҷо бавуҷудомада бар асари фаромадани сел қисман кушода шуд ва имкон дод, ки сатҳи об коҳиш дода шуда, роҳи зериобмонда каме боз […]

Шонаврӯз Афзалшоев, Asia-Plus

Дар қитъаи обшустаи роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ корҳои барқароркунӣ ҷараён доранд.

Дар ин мавзеъ бо ёрии низомиёни тоҷику рус дар қитъаи роҳи харобшудаи Ширговад корҳои анҷоми таркиш роҳандозӣ шуда, сарбанди дар ин ҷо бавуҷудомада бар асари фаромадани сел қисман кушода шуд ва имкон дод, ки сатҳи об коҳиш дода шуда, роҳи зериобмонда каме боз гардад.

Ба гуфтаи муовини аввали Ситоди ҲФ ва МГ ВМКБ Гулша Насиллобеков, корҳои барқароркунии рҳ идома дошта, ба ин корҳо сохтмончиёни Чин низ ҳамроҳ шудаанд. Мутахассисони Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ, коргарони корхонаи давлатии “Бадахшонроҳ” ва Вазорати нақлиёт низ дар ин кор саҳм мегузоранд.

Масъалаи ба макони амну бехавф кӯчонидани аҳолии аз офат осебдида мавриди ҳаллу фасл қарор дошта, алҳол онҳо дар хаймаҳо зиндагӣ мекунанд. Сокинони осебдидаи деҳа бо маводи ғизойӣ ва дигар асбобу лавозимоти рӯзгор таъмин шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки нимаи рӯзи 8 июл дар наздикии деҳаи Хостави ноҳияи Дарвоз аз ҷониби Афғонистон ярч сарозер шуда, маҷрои дарёи Вахшро баст ва дар натиҷа об аз соҳил берун баромада, қисмате аз манзилҳо ва роҳи мошингард зери об монданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.