Пешравиҳо дар гуфтушунидҳои марзӣ бо Қирғизистону Ӯзбекистон

Мақомоти умури замини Тоҷикистон мегӯянд, дар ним соли охир дар ҷараёни музокирот бо ду ҳамсоякишвари Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марз пешравиҳои муайян ҳосил шудааст. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи замин ва геодезии назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 17 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, бо Қирғизистон […]

Радиои Озодӣ

Мақомоти умури замини Тоҷикистон мегӯянд, дар ним соли охир дар ҷараёни музокирот бо ду ҳамсоякишвари Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар масъалаи таъйин ва аломатгузории марз пешравиҳои муайян ҳосил шудааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Кумитаи замин ва геодезии назди ҳукумати Тоҷикистон рӯзи 17 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфтааст, бо Қирғизистон дар заминаи таъйин ва аломатгузории 519,9 км хати сарҳад як созише ба имзо расид.

Гуфта мешавад, мақомоти ҳарду кишвар изҳор доштаанд, ки дар хати марзи ду кишвар беш аз 400 км марзи муштарак ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст ва дар ин масъала музокироти байни ду кишвар идома дорад.

Дар робита бо пешравиҳо дар гуфтушунид бо ҷониби Ӯзбекистон Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, мақомоти ду кишвар дар масъалаи 107 километр хати марз бо Узбакистон ба мувофиқа расида як созиш ҳам дар ин замина имзо шудааст ва миёни Тоҷикистон ва Узбакистон тақрибан 93 километр хати марзи баҳсӣ боқӣ монда, рӯзҳои наздик гуфтушуниди комиссиюни вижаи байниҳукуматӣ дар ин замина шурӯъ мешавад.

Қобили зикр аст, ки Илҳомҷон Неъматов, як масъули вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон дар филми мустанади сохтаи ин вазорат, ки 7 июл дар вебсайти ВКХ-и ин кишвар нашр шуд, гуфт, аз 1284 км марзи муштараки Тоҷикистону Ӯзбекистон 86 дарсади қаламраваш таъйин ва аломатгузорӣ шуда, сарнавишти 14 дарсади боқимондааш дар ҳоли баррасӣ қарор дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.