Манъи вуруди беш аз 2,6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ба Туркия

Вазорати корҳои дохилии Туркия изҳор доштааст, ки 2651 шаҳрванди Тоҷикистонро ба “рӯйхати сиёҳ” ё феҳристи афроди мамнуъулвуруд ба қаламрави ин кишвар ворид кардааст. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Вазорат дар шарҳи тасмимаш дар гузорише таҳти унвони “Муборизаи Туркия алайҳи ДОИШ” рӯзи 14-уми июл гуфтааст, ин нафарон ба хотири “иртибот бо террористҳо ва […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Вазорати корҳои дохилии Туркия изҳор доштааст, ки 2651 шаҳрванди Тоҷикистонро ба “рӯйхати сиёҳ” ё феҳристи афроди мамнуъулвуруд ба қаламрави ин кишвар ворид кардааст.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Вазорат дар шарҳи тасмимаш дар гузорише таҳти унвони “Муборизаи Туркия алайҳи ДОИШ” рӯзи 14-уми июл гуфтааст, ин нафарон ба хотири “иртибот бо террористҳо ва убури минтақаҳои муноқиша” ба рӯйхати сиёҳ шомил шудаанд.

Дар баробари ин, Вазорати корҳои дохилии Туркия гуфтааст, ки Сарраёсат оид ба муҳоҷират аз оғози муноқишаи Сурия то рӯзи 16-уми июни имсол 308 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод кардааст. Вазорат мегӯяд, ин афрод ба минтақаҳои наздимарзии Туркия бо Сурия сафар намуда, қасди пайвастан ба гурӯҳҳои тундравро доштанд.

Дар рӯйхати шахсоне, ки аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Туркия маҳрум шудаанд, дар маҷмӯъ, наздик ба 54 ҳазор нафар аз 146 кишвари дунё шомиланд. Дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна беш аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистон шомили ин “рӯйхати сиёҳ” шудаанд.

Баъди Тоҷикистон Қазоқистон аст, ки 1 ҳазору 914 нафар аз шаҳрвандонаш номбар шудаанд. Аз кишварҳои пасошӯравӣ беш аз ҳама шаҳрвандони Русия — 4 ҳазору 128 нафар шомили ин рӯйхатанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.