Дар рейтинги Passport Index Тоҷикистону Ӯзбекистон паҳлӯи ҳам қарор доранд

Дар рейтинги Passport Index кишварҳо аз лиҳози шумори дигар кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд бидуни раводид ба онҳо сафар кунанд, арзёбӣ мешаванд. Бино ба иттилои "Открытая Азия онлайн", миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми 56-уми Қазоқистон аз ҳама болотар буда, сафар ба қазоқистониҳо бидуни раводид ба 71 кишвар боз аст. Қирғизистон бо 58 кишвар равуои бидуни […]

Наим Халимов

Дар рейтинги Passport Index кишварҳо аз лиҳози шумори дигар кишварҳое, ки шаҳрвандонашон метавонанд бидуни раводид ба онҳо сафар кунанд, арзёбӣ мешаванд.

Бино ба иттилои "Открытая Азия онлайн", миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми 56-уми Қазоқистон аз ҳама болотар буда, сафар ба қазоқистониҳо бидуни раводид ба 71 кишвар боз аст.

Қирғизистон бо 58 кишвар равуои бидуни раводид дошта, дар зинаи 68-ум қарор гирифтааст. Шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба 54 кишвар ҳаққи вуруди озодона дошта, мақоми 71-умро ишғол мекунанд. Мақоми Туркманистон бо сафари бидуни раводид бо 48 кишвар зинаи 77-ум муқаррар шудааст.

Маълумот дар бораи зимни сафар ба кадом кишварҳо аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳамсоякишварҳои он талаб нашудани раводид бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Мақоми аввал дар ин рейтингро Олмон ва Сингапур ишғол кардаанд, ки ба 158 кишвари дунё озодона ҳаққи сафар доранд. Дар зинаҳои минбаъдаи феҳрист Шветсия ва Кореяи Ҷанубӣ (бидуни раводид бо 157 кишвар), Дания, Финландия, Фаронса, Италия, Испания, Норвегия, Япония, Британияи Кабир ва ИМА (156 кишвар) ҷой гирифтаанд.

Афғонистони ҳамсоякишвар дар зинаи охири рейтинг ҷойгир шуда, ҳамагӣ бо 22 кишвари ҷаҳон равуои бидуни раводид ҷорӣ кардааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.