Роҳи Душанбе-Кӯлоб-Дарвоз-Хоруғ боз шуд, вале ин аллакай он роҳи пешина нест

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Қарақорум танҳо баъди ду ҳафтаи зери об мондани он барқрор шуд. Рӯзи 8 июл аз ҷониби Афғонистон ярч фаромада, ба обхезӣ дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон боис гардид, ки бар асари он манзили сокинон хароб шуда, роҳи мошингарди пайвасткунандаи ВМК бо пойтахт […]

Asia-Plus

Ҳаракати воситаҳои нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Қулма – Қарақорум танҳо баъди ду ҳафтаи зери об мондани он барқрор шуд.

Рӯзи 8 июл аз ҷониби Афғонистон ярч фаромада, ба обхезӣ дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон боис гардид, ки бар асари он манзили сокинон хароб шуда, роҳи мошингарди пайвасткунандаи ВМК бо пойтахт низ зери об монд. Барои барқарор кардани ҳаракати нақлиёт тариқи он кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода шуд. Гузориши тасвирии мо дар ин бора.

Баҳри дар фурсати кӯтоҳтарин барқарор намудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо ин роҳ бо дастури президенти мамлакат ҳафтаи гузашта ҳатто якчанд адад техника аз майдони сохтмони нерӯгоҳи Роғун ба Дарвоз фиристода шуд.

Кор дар се баст ба роҳ монда шуд. Агар қитъаи роҳи зериобмондаи назди деҳаи Хустав дар ду рӯз барқарор шуда бошад, пас барои барқарор кардани қитъаи зериобмонда миёни деҳаҳои Ширговад ва Ёгед якчанд маротиба анҷоми корҳои таркиш ва кашонидани миқдори зиёди сангу хок лозим омад.

Рӯзи 24 июл, баъди 15 рӯзи ҳодиса бо талошҳои муштараки Вазорати нақлиёт, мудофиа, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, раҳбарияти вилоят ва ноҳия, низомиёни рус ва бинокорони Чин муяссар шуд, ки ҳаракат тариқи ин роҳ, ки бевосита Тоҷикистонро бо Чин мепайвандад, барқарор карда шавад.

Вале ин аллакай он роҳи пешина нест, зеро то ҳол қисмати зиёдаш зери об мондааст. Ба ивази он роҳи муваққатӣ сохта шудааст. Бинокорон кӯҳпораҳоро тарконида, қитъаро холӣ ва онро бо хок пӯшониданд. Ҳамин тавр, роҳи муваққатӣ ба вуҷуд омад. Айни замон автомашинаҳо бо он равуо доранд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.