Ба баргузории бокс-шоу дар амфитеатри Душанбе иҷоза нашуд

Ҳукуматдорони Душанбе ба баргузории мусобиқаи муштзанҳо миёни боксчиёни маъруфи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар амфитеатри “Аҳорун”-и пойтахт иҷоза надоданд, ки рӯзи шанбе, 29 июл ба нақша гирифта шуда буд. Бино ба маълумоти сомонаи Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон, ба федератсия дар ин хусус таҳти №22/3-21 аз 21 июли соли 2017 аз мақомоти шаҳрдории Душанбе бо имзои муовини раис […]

Asia-Plus

Ҳукуматдорони Душанбе ба баргузории мусобиқаи муштзанҳо миёни боксчиёни маъруфи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар амфитеатри “Аҳорун”-и пойтахт иҷоза надоданд, ки рӯзи шанбе, 29 июл ба нақша гирифта шуда буд.

Бино ба маълумоти сомонаи Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон, ба федератсия дар ин хусус таҳти №22/3-21 аз 21 июли соли 2017 аз мақомоти шаҳрдории Душанбе бо имзои муовини раис Мавсума Муинӣ нома расидааст.

Дар мактуб зикр мегардад, ки муассисаи давлатии фарҳангиву фароғатии “Аҳорун” (амфитеатр) барои баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ пешбинӣ гардида, тавсия дода шудааст, ки мусобиқаи боксчиён дар толорҳои варзишӣ гузаронида шавад.

Дар ин робита, мусобиқаи муштзанони касбии Тоҷикистону Ӯзбекистон, ки санаи 29 июл пешбинӣ шуда буд, дар амфитетари “Аҳорун” доир намегардад.

Гуфта мешавад, Федератсияи бокси касбии Тоҷикистон айни замон ба масъалаи дар дигар ҷой баргузор намудани ин мусобиқа машғул буда, ҳамаҷониба кӯшиш ба харҷ дода истодааст, ки он дар фурсатҳои кӯтоҳтарин доир гардад.

Дар мусобиқаи мазкур 6 қувваозмоӣ пешбинӣ гардида буд. Рақобатҳои асосӣ бояд байни ҷуфтҳои зерин барпо мешуданд: Шералӣ Мамадалиев (Тоҷикистон) – Мақсуд Ҷумъаев (Ӯзбекистон), Бахтиёр Мирзомуҳаммад (Тоҷикистон) – Алишер Ҳабибуллоев (Ӯзбекистон) ва Асрор Воҳидов (Тоҷикистон) – Ҳумоюн Рустамов (Ӯзбекистон).

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.