Баррасии масоили рушди муносиботи парлумонии Тоҷикистону Беларус

Зимни мулоқоти Роҳбари гурӯҳи дустии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода бо узви Шӯро, аъзои Маҷлиси Миллии Беларус, Раиси иттифоқҳои касабаи ҳамин кишвар Михаил Орда масоили рушди муносиботи дӯстӣ ва тавсиаи ҳамкории парлумонии ду кишвар баррасӣ шуд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, Нурулло Оқилзода дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки […]

Маркази матбуоти МН МО ҶТ

Зимни мулоқоти Роҳбари гурӯҳи дустии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода бо узви Шӯро, аъзои Маҷлиси Миллии Беларус, Раиси иттифоқҳои касабаи ҳамин кишвар Михаил Орда масоили рушди муносиботи дӯстӣ ва тавсиаи ҳамкории парлумонии ду кишвар баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, Нурулло Оқилзода дар оғози суҳбат изҳор дошт, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон таъкид менамоянд, ки “Мо ба мардуми бародари Белорус таваҷҷуҳи самимӣ дорем ва ба дӯстии анъанавии мардумони ду кишвар арҷ мегузорем”.

Вакили парлумони Тоҷикистон аз муҳтавои робитаҳои дуҷонибаи парлумонҳои Тоҷикистону-Беларус изҳори қаноатманди намуда, таъкид дошт, ки муносиботи ду кишвар хислатҳои шарикии стратегиро касб намудаанд. Изҳори бовар карда шуд, ки бо талошҳои муштараки ду ҷониб сатҳи ҳамкориҳои  мутақобилан судманди парлумонӣ ба қуллаҳои баланд расонда мешавад.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Ҷумҳурии Беларус, ҳамчунин иштироки фаъоли парлумонҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларусия имзошуда, муҳиму манфиатбор шуморида шуд.

Аз раванди густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Беларусия  изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, маориф ва туризм пешниҳодҳои судманд баён гардид.

Дар идомаи суҳбат таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои агросаноатӣ,  нақлиёт, энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ ва ғайра бояд ҷоннок карда шавад.

Ҷонибҳо ҳамчунин бар зарурати татбиқи босамари Барномаи байнидавлатии рушди ҳамкорӣ барои давраи то соли 2020, роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон таъкид доштанд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунӣ Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон ва ҳамкории байналмилалии Тоҷикистону Белорус сурат гирифт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.