Карасин: муҳоҷирон дар иқтисоди Русия саҳми назаррас доранд

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин дар мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости изҳор намуд, ки муҳоҷирон дар иқтисоди Русия саҳми назаррас доранд. «Бо ирсоли маблағҳои зиёд ба ватан муҳоҷирон натанҳо оилаҳои худро дастгирӣ мекунанд, балки дар иқтисоди Русия низ саҳми назаррас доранд. Заминаҳои воқеъии иттиҳод, зарурати ҷустуҷӯи механизмҳои беҳтарин ва методҳои ҳалли муштараки мушкилоти […]

Asia-Plus

Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Григорий Карасин дар мусоҳиба ба хабаргузории РИА Новости изҳор намуд, ки муҳоҷирон дар иқтисоди Русия саҳми назаррас доранд.

«Бо ирсоли маблағҳои зиёд ба ватан муҳоҷирон натанҳо оилаҳои худро дастгирӣ мекунанд, балки дар иқтисоди Русия низ саҳми назаррас доранд. Заминаҳои воқеъии иттиҳод, зарурати ҷустуҷӯи механизмҳои беҳтарин ва методҳои ҳалли муштараки мушкилоти рӯзмарра ба ҷараёни ҳозираи ташаккули минтақаи ҳамлу нақли озоди молу хизматгузорӣ шароит фароҳам оварданд», – иброз доштааст ӯ.

Дар ҳамин ҳол, сиёсатмадор қайд кардааст, ки ҷорӣ кардани низоми раводи миёни Русия ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба муносибатҳои аллакай ташаккулёфта байни онҳо зиён меоварад.

Бино ба маълумоти таҳқиқоти Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии Русия (РАНХиГС), нимсолаи аввали соли 2017 шумори омадагон ба Русия коҳиш ёфта, баръакси ҳол, шумори рафтагон афзудааст.

Гуфта мешавад, коҳиши шумори вуруди муҳоҷирон аз Молдова ва Украина идома дошта, дар навбати худ, шумори муҳоҷирон аз Тоҷикистону Ӯзбекистон тадриҷан зиёд мешавад, вале то ҳол ба сатҳи тобуҳронӣ нарасидааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.