Омодагирии Шавкат Мирзиёев ба боздид аз Тоҷикистон

Дар бораи сафари қарибулвуқӯъи сарвари давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон дар мақолаи худ директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Ӯзбекистон Владимир Норов хабар додааст, ки дар саҳифаи расмии Пажӯҳишгоҳ дар Facebook нашр шудааст. «Аллакай муддати як сол аст, ки дипломатияи Ӯзбекистон бо роҳбарии президент Мирзиёев сиёсати таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ бо ҳамаи кишварҳои ҳамсояро амалӣ […]

Asia-Plus

Дар бораи сафари қарибулвуқӯъи сарвари давлати ҳамсоя ба Тоҷикистон дар мақолаи худ директори Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти стратегӣ ва байниминтақавии назди президенти Ӯзбекистон Владимир Норов хабар додааст, ки дар саҳифаи расмии Пажӯҳишгоҳ дар Facebook нашр шудааст.

«Аллакай муддати як сол аст, ки дипломатияи Ӯзбекистон бо роҳбарии президент Мирзиёев сиёсати таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ бо ҳамаи кишварҳои ҳамсояро амалӣ месозад, – навиштааст Владимир Норов. – Ин натанҳо дар суръатбахшӣ ва тавсеъаи робитаҳои байнидавлатӣ дар сатҳҳои гуногун, балки ҳамчунин дар рӯҳияи қавии Тошканд ҷиҳати дарёфти роҳу воситаҳои созишҳои оқилона дар ҳалли мухолифатҳои пешина бо ҳамсоякишварҳо низ зоҳир мегардад».

Ба навиштаи ӯ, қобили таваҷҷуҳ аст, ки тайи моҳҳои охир роҳбари Ӯзбекистон аллакай чандин маротиба бо ҳамаи сарони ҳамсоякишварҳо вохӯриҳои расмиву ғайррасмӣ ва корӣ баргузор намуд.

«Аз Туркманистону Қазоқистон ва Қирғизистон боздид намуда, баҳри сафар ба Тоҷикистон омодагӣ мегирад. Дар маҷмӯъ ҷумҳурӣ барои таъмини манфиатҳои мардуми кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамин сиёсатро роҳандозӣ ва идома хоҳад дод», – қайд кардааст Норов.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи октябр сарони кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии муносибатҳои дипломатӣ байни давлатҳо ба ҳамдигар барқияҳои табрикӣ ирсол карданд.

Ёдрас мекунем, ки қаблан як манбаи «Азия-Плюс» аз доираҳои ҳукумати ҷумҳурӣ сабаби ба сафари Тоҷикистон шитоб надоштани президенти Ӯзбекистонро шарҳ дода буд. Ба қавли ӯ, «айни замон барои ташкили сафари давлатии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон заминаҳо фароҳам оварда мешаванд».

Ӯ қайд карда буд, ки муддати чандин моҳ комиссияҳои байниҳукуматии Тоҷикистону Ӯзбекистон оид ба масоили таъйин ва аломатгузории сарҳади давлатӣ ва ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ фаъолона машғули кор буда, санаи сафари президенти кишвари ҳамсоя маҳз ба натиҷаи кори онҳо вобаста аст.

«Барои анҷоми сафари Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон омода кардани лоиҳаҳои шартнома ва созишномаҳои байниҳукуматӣ зарур аст, – иброз дошта буд манбаъ. – Ман аз эҳтимол дур намедонам, ки аз рӯи натиҷаҳои сафари зикршуда Душанбе ва Тошканд дар бораи шарикии стратегӣ шартнома ба имзо мерасонанд. То имрӯз Тоҷикистон бо Русия, Қазоқистон ва Чин чунин шартнома дорад».

Зимнан зикр гардида буд, ки дар ҷараёни сафари Шавкат Мирзиёев ба Душанбе, ки ояндаи наздик ҳатман сурат мегирад, ҷонибҳо ният доранд, ки як бастаи бузурги созишномаҳои байнидавлатиро ба тасвиб расонанд ва шумори он нисбат ба натиҷаҳои сафари президенти Ӯзбекистон ба Ашқободу Остона ва Бишкек зиёдтар хоҳад буд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.