Дастоварди тоҷикистониён дар мусобиқаи ҷаҳонии варзиши вазнбардорӣ

Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба варзиши вазнбардорӣ, ки World raw powerlifting federation доир кард, варзишгарони тоҷик 4 медали тилло ва 2 медали нуқра ба даст овардаанд. Бино ба иттилои сомонаи хабаргузории tajikistantimes.tj, аз ҷумла Муҳаммадалӣ Мирзоев аз шаҳри Панҷакент дар ин мусобиқа дар шаҳри Маскав соҳиби ду медали тило ва як нуқра шуд. Дар ин […]

tajikistantimes.tj

Дар мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба варзиши вазнбардорӣ, ки World raw powerlifting federation доир кард, варзишгарони тоҷик 4 медали тилло ва 2 медали нуқра ба даст овардаанд.

Бино ба иттилои сомонаи хабаргузории tajikistantimes.tj, аз ҷумла Муҳаммадалӣ Мирзоев аз шаҳри Панҷакент дар ин мусобиқа дар шаҳри Маскав соҳиби ду медали тило ва як нуқра шуд. Дар ин бора Абдуев Мустафо, як узви дастаи Тоҷикистон дар ин мусобиқа иттилоъ додааст.

Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 4 варзишгар, аз ҷумла Муҳаммадалӣ Мирзоев, Мустафо Абдуев ва Парвиз Одинаев намояндагӣ карданд. Ин сабқат аз 24 то 29 октябр дар шаҳри Москва доир шуд.

Тибқи маълумоти расмии World raw powerlifting federation, дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ ҳудуди 2000 нафар варзишгар аз 30 давлати дунё ширкат варзидаанд. Мусобиқаи вазнбардорӣ дар намудҳои поуэрлифтинг, дуҳарба, жим лежа, народный жим ва становая тяга баргузор шудааст. Дар ин мусобиқаи вазнбардорӣ Муҳаммадалӣ Мирзоеви 18-сола аз шаҳри Панҷакент дар байни ҷавонон дар вазни 82,5 кило 2 медали тилло ва як нуқра, Мустафо Абдуев дар вазни 67,5 кило 1 медали тилло ва 1 медали нуқра, Парвиз Одинаев дар вазни 82,5 кило 1 медали тилло ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи арпели соли равон чанд нафар аз вазнбардорони тоҷик дар мусобиқаи Осиё дар давлати Қазоқистон ширкат намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардида буданд.

Мусобиқаи вазнбардорӣ дар Тоҷикистон яке аз намудаҳои қариб фаромӯшшудаи варзиш ба шумор буда, дар гузашта асосан дар ноҳияҳои Ваҳдат, Темурмалик, Кӯлоб ва шаҳрҳои Регару Панҷакент рушд намуда буд. Собиқадарони ин намуди варзиш мегӯянд, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба вазнбардорӣ солҳои охир коҳиш ёфтааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.