Сафари расмии президенти Туркманистон ба Тоҷикистон

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов пагоҳ, 2 ноябр бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад. Тавре ба «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, субҳи рӯзи 2 ноябр дар «Қасри миллат» мулоқоти хосаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов доир гардида, сипас музокироти васеи ҳайатҳои кишварҳо бо иштироки роҳбарони давлатҳо дар […]

Asia-Plus

Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов пагоҳ, 2 ноябр бо сафари дурӯзаи расмӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти ВКХ Тоҷикистон хабар доданд, субҳи рӯзи 2 ноябр дар «Қасри миллат» мулоқоти хосаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов доир гардида, сипас музокироти васеи ҳайатҳои кишварҳо бо иштироки роҳбарони давлатҳо дар назар аст.

Аз рӯи натиҷаи гуфтушунидҳо аз имзои як қатор санадҳои дуҷониба дар бораи ҳамкории минбаъда интизорӣ рафта, ба намояндагони ВАО изҳороти муштараки матбуотӣ пешниҳод мегардад.

Нимаи дуюми рӯзи 2 ноябр маросими гузоштани гулчанбар назди Маҷмааи Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон бо муҷассамаи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов баргузор мешавад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи сафари президенти Туркманистон ба Тоҷикистон имрӯз, 1 ноябр дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ ҳамоиши доираҳои соҳибкорӣ ва тиҷоратии кишварҳо барпо мешавад.

Пояи қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон зиёда аз 50 санаде иборат мебошад, ки аз соли 1993 то соли 2012 ба имзо расидаанд. Созишномаҳои имзошуда асоси ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, сармоягузорӣ, андоз ва гумрук ташкил медиҳанд.

Соли 2016 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Туркманистон ҳудуди 95 млн. долларро ташкил дода, дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба Тоҷикистон аз Туркманистон маҳсулоти нафтӣ, равғани растанӣ, семент ва дар навбати худ Туркманистон аз Тоҷикистон молҳои мавриди ниёзи мардум, алюминий ва маснӯоти он ва маҳсулоти кишоварзӣ харидорӣ мекунанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

ПУРСИШ. 10 саволи ҷолиб аз рӯзгор ва осори устод Садриддин Айнӣ

Дониши худро дар бораи аввалин Қаҳрамони Тоҷикистон санҷед.

“Ба кӯдакони хурдсоламон раҳм кунед…”. Муроҷиати писари Зайд Саидов ба мақомоти Тоҷикистон

Додгоҳ қарори мусодираи хонаи пайвандони вазири пешин ва тоҷири тоҷикро чанд сол пеш содир карда буд.

Исроил ва Лубнон барои баргузории музокироти мустақим ба созиш расидаанд

"Ҳизбуллоҳ" ин музокиротро қабул надорад ва онро “беҳуда” тавсиф карда буд.

Қариб 50 млн евро қарзу грант барои коҳиши талафоти барқ дар Суғду Хатлон. Шарту шароити қарз чӣ гуна аст?

Ҳадафи лоиҳа коҳиши талафоти барқ ва ҷорӣ кардани низоми муосири ҳисоббаробаркунӣ гуфта мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 67

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

CММ: Бар асари низоъ дар Ховари Миёна то 32 млн нафар метавонанд дар хати фақр қарор гиранд

Хавфи ба ин ҳолат дучор шудани кишварҳои Халиҷи Форс, Осиё, Африқо ва ҷазираҳои хурд бештар аст.