Ҷалби мақомоти қудратӣ ба баргардонидани қарзи бонкҳо

Ҳукумати Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ дастур додааст, ки «қарзҳои аз бонкҳо гирифтаи одамонро, ки барнамегардонанд, то дирами охирин» баргардонанд. Ин дастур ҳанӯз охири моҳи октябр содир шуда, мувофиқи он мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани қарздорон ҳуқуқ доранд. Супориши зикршуда ба Прокуратураи генералӣ, ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратии ҷумҳурӣ дастур додааст, ки «қарзҳои аз бонкҳо гирифтаи одамонро, ки барнамегардонанд, то дирами охирин» баргардонанд.

Ин дастур ҳанӯз охири моҳи октябр содир шуда, мувофиқи он мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва қудратӣ барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани қарздорон ҳуқуқ доранд.

Супориши зикршуда ба Прокуратураи генералӣ, ВКД, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дода шудааст.

«Чанд ҳодисаи барнагардонидани қарзҳо зарурати ҷалби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ин масъала ба миён овард. Ғайр аз ин, шумори чунин қарздорон зиёд шуда, иҷрои қарорҳои суд аз рӯи ин масъалаҳо аксаран хеле зиёд тӯл мекашад», – иброз дошт ба «Азия-Плюс» ҳуқуқшиноси «Агроинвестбонк» Шуҳрат Забиров.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ дод, ки дар бораи ин дастури ҳукумат ба онҳо зимни маҷлиси охири моҳи октябр хабар додаанд.

Ба гуфтаи Умарҷони Эмомалӣ, котиби матбуотии ВКД, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ҳолатҳое ба ин масъалаҳо ҷалб карда мешаванд, ки «муштариёни бонк қарзро аз рӯи таъиноташ истифода набурда, гузашта аз ин, онро баргардониданӣ нестанд».

«Мо мутобиқи Кодекси ҷиноии ҶТ дар доираи моддаҳои 264 (Ғайриқонунӣ гирифтани кредит), 265 (Ғайриқонунӣ додани кредит), 266 (Саркашии бадқасдона аз адои  қарзи кредиторӣ) ва 268 (Ғайриқонунӣ истифода бурдани  маблағ) амал мекунем. Мутобиқи ин моддаҳо ҳам қарздорони беинсофу ҳам кормандони бонк, ки ғайриқонунӣ қарз додаанд, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд», – гуфт ӯ.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.