Пешравӣ дар коҳиши сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистонро чӣ халалдор карда метавонад?

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки дурнамои пешравӣ дар коҳиши миқёси камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба болоравии музди меҳнат ва интиқоли маблағҳои пулӣ вобаста аст. «Аз коҳиши коҳиши сатҳи камбизоатӣ ба андозаи ноил гардидан ба афзоиши умумии иқтисод, тадриҷан зиёдшавии даромад аз маош, барқарор шудани ҷараёни интиқоли маблағҳои пулӣ ва тавсеъаи барномаи кумаки иҷтимоии таъиншуда […]

Таҳлилгарони Бонки ҷаҳонӣ бар ин назаранд, ки дурнамои пешравӣ дар коҳиши миқёси камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба болоравии музди меҳнат ва интиқоли маблағҳои пулӣ вобаста аст.

«Аз коҳиши коҳиши сатҳи камбизоатӣ ба андозаи ноил гардидан ба афзоиши умумии иқтисод, тадриҷан зиёдшавии даромад аз маош, барқарор шудани ҷараёни интиқоли маблағҳои пулӣ ва тавсеъаи барномаи кумаки иҷтимоии таъиншуда интизорӣ меравад», – қайд мешавад дар гузориши нави Бонки ҷаҳонӣ доир ба иқтисоди Тоҷикистон.

Тибқи пешгӯии коршиносони Бонк, сатҳи умумии камбизоатӣ аз 30,3 фоиз дар соли 2016 то ба 25,7 фоиз дар соли 2019 коҳиш меёбад.

Коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки сарфи назар аз чанде қабл беҳтар шудани вазъ дар муҳити глобалии иқтисод, хатарҳои назаррас, аз қабили нишондиҳандаҳои пасти иқтисодҳои минтақавӣ дар оянда ва босуръат поинравии нархҳо ба маҳсулоти ашёи хом чун пешина боқӣ мемонанд, ки ба ҷараёни интиқоли маблағҳои пулӣ ва даромад аз ҳисоби содирот таъсири манфӣ мерасонад.

«Мавҷуд набудани идоракунии қобили қабул дар бахши молия, дар корхонаҳои давлатии марбут ба тиҷорат бо таркибҳои идоракунии давлатӣ барои ҳамгиройии пурсамар ва зарурӣ мушкили ҷиддӣ боқӣ мемонад, – таъкид мешавад дар гузориш. – Дар ҳамин ҳол, имконоти маҳдуди буҷетӣ дар робита бо сатҳи баланди сарбории қарз ва захираҳои нокофии дохилӣ ва хориҷӣ, Тоҷикистонро нисбати хатарҳои имкондошта осебпазир мекунад».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.