Муовини сарвазир аз ҷараёни амалисозии барномаи коҳиши бемории сил қаноатманд нест

Дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа баргузор гардид. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар оғоз муовини Сарвазир ба Фонди глобалӣ, Созмони умумиҷаҳониии тандурустӣ, USAID ва дигар созмонҳои байналмилалие, ки барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа дар бахши тандурустӣ Ҳукумати Ҷумҳурии […]

АМИТ «Ховар»

Дар ҳузури муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи навбатии Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масуният, сил ва вараҷа баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар оғоз муовини Сарвазир ба Фонди глобалӣ, Созмони умумиҷаҳониии тандурустӣ, USAID ва дигар созмонҳои байналмилалие, ки барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии ҷомеа дар бахши тандурустӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд, минатдории худро баён намуд.

Роҳбари лоиҳа иттилоъ дод, ки амалигардонии Барномаи паст кардани бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз январи соли 2016 оғоз гардида, то марти соли 2018 идома меёбад. Тибқи Нақшаи кории бо созмонҳои байналмилалӣ мувофиқашуда дар доираи ин Барнома азхудкунии 17,6 миллион доллари ИМА пешбинӣ шудааст.

Зикр карда шуд, ки ҳарчанд дар доираи барномаи мазкур корҳои муайян анҷом шуданд, вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо ҷалби сохторҳои марбута метавон бо ин маблағ корҳои бештарро анҷом дод.

Омили азхуд нагардидани беш аз 1,3 миллион доллари Барнома, маҳз ба сатҳи тахассусии кормандони соҳа, сари вақт анҷом надодани корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни ниёзмандон-беморони сил, табобату нигоҳубин ва дастгирии онҳо вобаста мебошад. Яъне, марказҳои мубориза бар зидди сил ва бемориҳои пайдошудаи норасоии масъуният дар шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки ҳамкории зичтареро бо барномаҳо ба роҳ монанд ва ниёзмандон аз имконияти онҳо хубтар истифода баранд.

Агар дар доираи лоиҳа 8700 нафар барои гузаронидани корҳои пешгирӣ, табобат ва нигоҳубину дастгирии молиявӣ ҷалб шуда бошанд, бо итминон гуфтан мумкин аст, ки ин руйхати ниҳоии на ҳамаи беморони ниёзманд аст. Ҳолатҳое қайд шудаанд, ки бемории баъзе аз ҷавонон дар вақти гузаштани муоинаи тиббӣ барои даъват ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ муайян мегардад ва ин ифодакунандаи воқеии сатҳи тахассусии кормандони соҳа ва масъулияти онҳо дар шаҳру ноҳияҳо баҳогузорӣ мегардад.

Муовини Сарвазири мамлакат махсус зикр намуд, ки мубориза ба ин таҳдидҳои муосири глобалӣ танҳо вазифаи як сохтори муайян нест, дар ҳайати Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бар зидди бемориҳои пайдошудаи норасоии масъуният, сил ва вараҷа ба ғайр аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, муфтиёт ва дигар сохторҳои марбута аъзо мебошанд.

Ҳамаи сохторҳои марбута вазифадоранд, ки вобаста ба самти фаъолияташон корҳои фаҳмондадиҳию пешгириро байни аҳолӣ ба роҳ монанд. Махсусан дар миёни ҷавонон ва муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ бояд васеъ ба роҳ монда шавад. Дар ин раванд муфтиёти кишвар сохтори махсусе мебошад, ки бо истифода аз имкониятҳои васеи доштааш дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоату деҳоти кишвар саҳми арзандаи худро гузорад. Сухан дар бораи нигоҳ доштани солимии ҷомеа, махсусан наврасону ҷавонон — насли ояндаи миллату давлат меравад ва ин омил ҳеҷ як фарди баномуси миллатро набояд бетафовут гузорад.

Бо назардошти ҷойдоштани камбудиҳои ҷиддӣ дар амалигардонии Барнома ҳисоботи ҷамъбастии Барнома барои такмил баргардонида шуд.

Дар интиҳо муовини Сарвазири кишвар дар назди вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, роҳбари Барнома ва сохторҳои марбута вазифагузорӣ намуд, ки дар баробари корҳои анҷомдода, бояд ба муайян сохтани сабабҳо ва заминаҳои асосии пайдошавии бемории сил диққати махсус равона намоянд, зеро решаи мушкилот маҳз ба ҳамин омил вобастагӣ дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.